Нашрияи Омӯзгор

Ҷамъбасти спартакиадаи “Саломатӣ”

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

Вазифаҳо мушаххас гардиданд

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи навбатии Шӯрои маорифи шаҳр иттилоъ дод, ки  имсол дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» омӯзгори забони англисӣ аз литсейи физикӣ-математикии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова ширкати фаъолона намуда, Шоҳҷоизаи озмунро соҳиб шуд ва сазовори унвони баланди «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид.

Ғолибони иншои беҳтарин таҳти унвони «Саразм - хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик», ки ба муносибати 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва озмунҳои “Ман зебо менависам”, «Хушнависӣ-зебопарастист» ва «Қалами сабз», ки байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд эълон шуда буд, натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои маорифи шаҳр, масъалаҳои умдаи соҳаи маориф, аз ҷумла, фаъолияти кабинети методӣ доир ба омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, натиҷаи дарсазхудкунии кӯдакони “Маркази инкишофи кӯдак” аз машғулиятҳои инкишофи нутқ дар муассисаҳои таълимӣ, рафти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020” ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ шунида шуд.

 

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҳайати профессорону омӯзгорон спартакиадаи “Саломатӣ” баргузор гардид.

Спартакиада аз 21 то 25-уми январ давом карда, дар он профессорону омӯзгорон аз рӯи 5 намуди варзиш – волейбол, тенниси рӯимизӣ, шашка, шоҳмот ва дарс байни ҳам қувва озмуданд.Ҷойи аввалро омӯзгорони факултаи математика ишғол карданд. ҷои дуюм ва сеюм насиби омӯзгорони факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ гардид.

 

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш