Нашрияи Омӯзгор

Об ҳаётбахш аст

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Об наҷибтарин унсури ҳастӣ, дорои табиати пурасрори физикӣ буда, дар ҳаёти олами мавҷудот, бахусус, инсон аҳамияти калон дорад. Барои организмҳои зинда об хеле зарур буда, ҳатто як қатраи он ҳаётро барқарор мекунад.

Об 90 %-и ҳаҷми растаниро ташкил мекунад. Олимон муайян намудаанд, ки агар дар организми одам 6-8% - и ҳаҷми об кам шавад, вай бемор шуда, дар организмаш тағйироти куллӣ  ба вуҷуд меояд. Агар 12% ҳаҷми оби бадани одам кам шавад, онро ба марг мерасонад. Одаме, ки дар шароити муътадили обу ҳаво зиндагӣ мекунад, бояд дар як шабонарӯз 2,5 литр об бинӯшад. Дар шароити ҳарорати баланд ва намнокии кам 4 -5 литр ва барои дар шароити ҳарорати нисбатан баланд ва хушк 6 литр об истеъмол кардан лозим аст. Зане, ки 55 кг вазн дорад то 2 литр оби тоза ва марде, ки 100 кг вазн дорад, дар як рӯз бояд зиёда аз 3 литр об нӯшад. Узвҳои одам аз ҷумла, сар, дил, ҷигар, шуш, гурда ба об эҳтиёҷи калон доранд. Таркиби мағзи сари одамро 85 %  об ташкил кардааст. Мағзи сар ягона узве мебошад, ки ҳамеша дар ҳолати фаъол қарор дошта, об дар ин кор нақши асосиро мебозад. Об фаъолияти мағзи сарро беҳтар карда, хотираи шахсро қавӣ мегардонад. 25%-и таркиби устухони одамро низ об ташкил кардааст. Вайроншавии бофтаҳо дар банду буғумҳо ба камшавии меъёри об ва  намнокии таркиби устухонҳо вобаста аст.  Дар натиҷа устухонҳои  буғумҳо кафида, дард ҳис карда мешавад. Аз нарасидани об фишори хуни инсон баланд мешавад. Дар ҳолати расидани меъёри об рагҳои хунгард васеъ шуда, фишорбаландӣ бартараф мегардад. Дар натиҷаи кам шудани меъёри об дар организми одам мубодилаи моддаҳо дуруст ба амал намеояд, мавҷуд будани миқдори муайяни об дар меъда иштиҳои шахсро зиёд мегардонад.

Дар баробари он ки об дар организми инсон  аҳамияти калон дорад, бемориҳои паҳнкунандаи сирояткунанда низ мебошад. Бояд зикр кард, обе, ки аз ҷумакҳо менӯшем, оби филтршуда буда, дар таркибаш хлор дорад ва ба организми одам зарари калон мерасонад. Чунин дастгоҳҳо обро аз бактерияҳо тоза намекунанд. Обҳое, ки дар зарфҳои пластикӣ муддати дароз нигоҳ дошта мешаванд, зараровар буда, бактерияҳо дар он афзоиш меёбад. Мувофиқи қоидаҳои санитарии эпидемиологӣ обро дар зарфҳои шишагин нигоҳ доштан лозим аст. Об волотарин неъматаст, онро бояд пок нигоҳ дошт. Зеро бе об ҳаёту зиндагӣ рӯ ба нестӣ меорад.

Г.Қамбарова,

омӯзгори фанни  биологияи коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш