Нашрияи Омӯзгор

Ҳидоятгар ба комёбиҳои навин

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

Барои он ки ҷомеа пайваста ба муваффақият ноил гардад, самтҳои ҳаракат, ҳадаф ва вазифаҳояш дақиқу аниқ бошад ва аз хусусиёту равандҳои замон ноогаҳ намонад, онро дастуре раҳнамою раҳкушо мебояд.

Ҳамин гуна дастур дар ҷомеаи мо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад. Оре, Паёми Пешво дастури раҳнамост ва вазифаю ҳадафҳои аҳли кишварро дар дарозои ҳар сол муайяну мушаххас намуда, ҳамагонро ба созандагию бунёдкорӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан ҳидоят месозад. Ҳар як Паёми Сарвари кишвар махсусиятҳою дастуру нишондодҳои алоҳидаи худро дорад, вале дар маҷмӯъ, як ҳадафи умумӣ  Паёмҳои Пешвои миллатро ҳамгун месозанд, онҳоро идомабахши якдигар гардонанд ва ин ҳадафро метавон мухтасаран чунин муқаррар кард: таъмини некуаҳволии халқ, устворсозии пояҳои истиқлол ва  заминагузорӣ  барои фатҳи қуллаҳои навини рушд. Ҳикматест машҳур, ки «Пеш рафтӣ, кор осон мешавад, Қуллаи нав ҳам намоён мешавад». Ҳар як Паёми Президенти ҷумҳурӣ Паёми  пешини Пешворо  мукаммалтар месозад. Агар мо ба таври муназзам Паёмҳои Пешворо биомӯзем, хеле равшан дарк менамоем ва хеле дақиқ дармеёбем, ки чӣ тавр таҳти раҳнамоии Сарвари кишвар Ватани маҳбуби мо зина ба  зина, марҳила ба марҳила, сол ба сол пеш мераваду ободу хурраму зебою пуртавон мешавад. Паёми навбатии Пешвои миллат, ки 26.12.2019 ба Маҷлиси Олӣ  ироа гардид,  аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ва фарогирии масоили умдаи айём боз ҳам комилтару бавусъаттар буд. Аз муҳтавои ин Паём бармеояд, ки ҷумҳурии мо муҳликтарин монеаҳои роҳи  рушдашро бартараф кардаву ба паҳнои тараққии устуворонаю қатъӣ баромадааст ва акнун барои ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон расидан,  дар қатори мамолики дар зинаи баланди рушд қарордошта ҷой гирифтан талош меварзад. Ҷои баҳс  нест, ки дар пешрафти бамайлону суръатафзои Ватанамон, пеш аз ҳама, нақши сиёсати хирадмандонаву халқпарваронаи Пешвои миллат барҷаста мебошад. Дар Паёми  навбатии Сарвари кишвар метавон бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсати дохиливу хориҷӣ, тиббу тандурустиву маориф ва илму фарҳангро махсус таъкид кард, зеро нақши ин бахшҳо дар такомулу пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти кишвар хеле барҷаста аст. Барои мо, аҳли маориф, хушоянд аст, ки Пешвои миллат дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ба таъкиди Сарвари кишвар, соҳаҳои илму маориф дар пойдории пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду  дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Дар Паём ба омӯзгорон ҳамчун неруҳои меҳварии соҳаи маориф бо эҳтирому эътиқод сухан гуфта шудааст. Дар баробари ин, Пешвои миллат талаби онро доранд, ки омӯзгорон фаъолияти худро густариш бахшанд ва пеш аз ҳама, барои боло бурдани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас ҷидду ҷаҳд намоянд. Вобаста ба ин, дар назди аҳли маориф вазифаҳои нав гузошта шудааст. Муҳим ва омили басо ҷиддӣ дониста мешавад, ки масъулини таълиму тарбия шогирдонро бештар ба китобхонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бархурдорӣ аз технологияи муосир ҳидоят намоянд.

Паём раҳнамои мост ва мекӯшем, ки ҳар яке дар татбиқи дастуру нишондодҳои он ҳиссагузор бошем.

 

Зарринсимо МУсоева,

директори мактаби №3-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш