Нашрияи Омӯзгор

ММТ: вохӯриҳои кормандон бо хатмкунандагон дар муассисаҳои таълимӣ оғоз ёфт

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Аз 3-юми феврал то 6-уми марти соли равон тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои кормандони марказ бо хатмкунандагон, падару модари довталабон, омӯзгорон ва дигар алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз ёфт.

- Барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 3-юм то 8-уми феврали соли ҷорӣ 33 нафар корманди марказ ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд, - иброз дошт котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода. Дар асоси  нақша дар давоми 6 рӯз кормандони марказ дар 181 муассисаи таълимӣ дар вохӯриҳо аҳли ҷомеаро бо низоми ИМД шинос хоҳанд кард.

Дар баробари ин, кормандони марказ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади ошноӣ пайдо кардани кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо онҳо суҳбат карда, маводи иттилоотӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестро дастрас менамоянд.

Барои огоҳ гаштани аҳли ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз низоми ИМД, инчунин, аз тарафи марказ маводи иттилоотию методӣ ба китобхонаҳо тақдим карда мешаванд, ки зиёда аз 600 маҷмӯаро дарбар мегирад.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ вохӯрии таблиғгарони сатҳи ҷумҳурӣ барои шинос кардани  алоқамандони ИМД бо низоми имтиҳонҳои мазкур дар 3642 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи маълумоти пешакӣ дар онҳо зиёда аз 150 000 нафар хатмкунанда иштирок меварзанд.

Ба довталабон ва алоқамандони дигари низоми ИМД тавсия дода мешавад, ки дар вохӯриҳои кормандони марказ ва курсҳои шиносоӣ бо низоми номбурда ширкат намоянд.

 

Н.ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш