Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳо назаррасанд

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

31 январи соли равон нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  вазири маориф ва илми кишвар, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазир Латофат Назирӣ, сардорони раёсат ва роҳбарони зерсохторҳои вазорат ва доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Ин нишаст тавассути саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷии кишвар ба масъалаҳои умдаи соҳа таваҷҷуҳ намуданд. Аз ҷониби рӯзноманигорон  вобаста ба эълон гардидани  солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», гузариш ба алифбои форсӣ, вобаста ба вазъи донишҷӯёни тоҷик, ки дар ҷумҳурии мардумии Чин таҳсил доранд, зиёд кардани соатҳои дарсии фанҳои забони русӣ ва англисӣ, таълифи мақола аз ҷониби  омӯзгорон барои дарёфти тахассус, норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ, қабули кӯдакони то ҳафтсола ба муассисаҳои таълимӣ, таҷдиди назар кардани китобҳои дарсӣ ва амсоли инҳо суолҳо пешниҳод гардиданд, ки вазири маориф ва илм М. Имомзода, муовини якуми вазир М. Саломиён, муовини вазир Л. Назирӣ, сардорони раёсат ва масъулини соҳа ба онҳо посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда доданд.

Воқеан ҳам, дар соли 2019  Вазорати маориф ва илм баҳри баланд бардоштани сифати таълим  корҳои шоистаеро ба сомон расонид ва ба дастовардҳои чашмгир ноил гардид.  Вазири маориф ва илм М. Имомзода иброз дошт, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа буда, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам дастгирӣ меёбад. Вазорати маориф ва илм ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, роҳҳои гуногуни фарогирии бештари кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ пешниҳод менамояд, ки ин ба тадриҷан зиёд шудани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон мусоидат мекунад. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ соли 2019 ба 662 ва шумораи тарбиягирандагон ба 102175 нафар расид, ки дар муқоиса бо соли 2018-ум 26 муассиса ва 5597 нафар кӯдак зиёд мебошад. Инчунин, дар зинаи таҳсилоти умумӣ ҷиҳати таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа “Консепсияи рушди фарҳанги китобхонӣ”, “Низомномаи беҳтарин хушнавис барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиби баргузории ҳафтаи бузургдошти адибон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» (аз рӯйи фанҳои таълимӣ) таҳия ва бо қарори мушовара тасдиқ карда шуд. Соли 2019 теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар кишвар ба 3884 адад расид. Аз ин теъдод 315 ибтидоӣ, 442 умумии асосӣ ва 3127 миёнаи умумӣ мебошад. Ҳамчунин, теъдоди муассисаҳои типи нав ба 146 расид, ки аз ин теъдод 75 гимназия ва 71 литсей мебошад.

Таъкид гардид, ки бо мақсади тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» таъсиси 2139 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шудааст. Талаботи барномаи мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе иҷро гардид. Тибқи талаботи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» дар 5 соли татбиқи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 432 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ сохта ба истифода дода мешуд. Мутаассифона, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 муассисаи таҳсилоти умумӣ - Душанбе 6, Хатлон 1, Суғд 8, Ҳисор 1, Турсунзода 1 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамагӣ 4,2%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Дар ВМКБ то имрӯз ягон муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода нашудааст. Дар маҷмӯъ, иҷрои барномаи мазкур нокифоя арзёбӣ мегардад. Рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин замина, бо мақсади муайян намудани сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ ҳамасола аз хонандагон пурсиши тестӣ ва корҳои хаттӣ гирифта мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти таълиму тадриси забонҳои русӣ ва англисӣ мушкилоти зиёде ба назар мерасад. Моро зарур аст, ки усули тадриси фанҳои мазкурро таҷдиди назар намуда, бештар ба таълими матнӣ гузарем. Муҳимият ва зарурияти барномаи мазкурро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030”-ро ба тасвиб расонд, ки амалишавии он аз соли 2021 оғоз мегардад.

Барои амалишавии «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва “Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” як силсила корҳои назаррас ба роҳ монда шуд. Баҳри амалишавии барномаҳои мазкур то имрӯз теъдоди умумии компютер дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 68296 адад, принтер 11242 адад, проектор 3302 адад ва тахтаҳои электронӣ 2510 адад расид. Илова бар ин, танҳо дар давраи таътили тирамоҳӣ 4045 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта шуданд. Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи маводи таълимии электронӣ бо забони давлатӣ маводи видеоии таълимию методии «Адибони тоҷик», «Мавзеъҳои Тоҷикистон», «Математика (синфи 1)», «Геометрия (синфи 7)», «Истифодабарии тахтаи электронӣ, почтаи электронӣ» ва шакли электронии китобҳои дарсии аз синфи 1-11 таҳия ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.

Дар соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағ-гузорӣ 130 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 32560 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 500 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ин шумора сохтмони 32 бинои муассисаи таълимӣ барои 9574 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 40 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4913 ҷойи нишаст ба анҷом расонида шудааст. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар вилояти Хатлон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид. Мавриди зикр аст, ки дар доираи барномаи мазкур дар қаламрави вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 57 бинои муассисаи таълимӣ барои 12258 ҷойи нишаст идома дорад.

Ҳамчунин, соли 2019 ба хориҷи мамлакат дар асоси бурсия ва дигар шартномаҳои байниидоравӣ 5993 шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил равон карда шудаанд. Аз ин теъдод  4237 нафар  дар  муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия ва 1756 нафар дар муассисаҳои олии 33 кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли таҳсили 2019-2020 7407 нафар шаҳрванди хориҷӣ  дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 кишвари ҷаҳон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки хонандагони тоҷик соли 2019 дар 30 олимпиадаи  байналмилалӣ, ки дар зиёда аз 20 кишвари дунё  баргузор гардиданд,  фаъолона иштирок намуда, сазовори 250 медал,  аз ҷумла, 67 медали тилло гардиданд.

 

Н.НУРАЛИЗОДА,

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш