Нашрияи Омӯзгор

Вазифаҳо мушаххас гардиданд

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири маорифи шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи навбатии Шӯрои маорифи шаҳр иттилоъ дод, ки  имсол дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» омӯзгори забони англисӣ аз литсейи физикӣ-математикии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова ширкати фаъолона намуда, Шоҳҷоизаи озмунро соҳиб шуд ва сазовори унвони баланди «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» гардид.

Ғолибони иншои беҳтарин таҳти унвони «Саразм - хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик», ки ба муносибати 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва озмунҳои “Ман зебо менависам”, «Хушнависӣ-зебопарастист» ва «Қалами сабз», ки байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд эълон шуда буд, натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои маорифи шаҳр, масъалаҳои умдаи соҳаи маориф, аз ҷумла, фаъолияти кабинети методӣ доир ба омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, натиҷаи дарсазхудкунии кӯдакони “Маркази инкишофи кӯдак” аз машғулиятҳои инкишофи нутқ дар муассисаҳои таълимӣ, рафти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020” ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ шунида шуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш