Нашрияи Омӯзгор

Роҳи каҷ ба манзил намерасонад

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар фазои орому осуда кору фаъолият намудану зиндагиро  пеш бурдан неъмати бузургест. Мутаассифона, на ҳама  ба ин  андеша розиянд. Баъзе ҷавононе, ки донишу саводи динию дунявии кофӣ надоранд, ба васвасаҳои душманону бадхоҳони миллат фирефта шуда, ҳаёти худу пайвандону наздиконашонро зери хатар мегузоранд.

Ҳар як ҳаракати ғайриқонунӣ ва бар зидди амнияту осоиши мардум равонашуда ҷавобгарӣ дорад ва шахсе, ки қонунҳои кишварро сарфи назар менамояд, дер ё зуд дар назди он ҷавоб мегӯяд. Бо овардани мисоле аз таҷрибаи кориям мехоҳам ин гуфтаҳоро тақвият бахшам. Суди  шаҳри Кӯлоб  парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Икромов Ифтихор Январович, санаи таваллудаш 19.04.1990, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зода ва сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Ҷамоати деҳоти Шeробод, деҳаи Хоҷағалтон, таҳсилоташ олии нопурра, ихтисосаш–муҳандис, донишҷӯи бахши 4-уми шуъбаи ғоибонаи факултаи таъминоти барқи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, муваққатан бекор, оиладор,  бефарзанд, уҳдадории ҳарбӣ надорад, қаблан суд нашудааст, дида баромад. Тавре аз парванда маълум гардид, судшаванда Икромов Ифтихор дидаву дониста, ҷиҳати давом додан ва аз нав оғоз намудани фаъолияти  ғайриқонуниву манъшудаи иттиҳоди экстремистии (ифротгароӣ) равияи динии «Салафия», ташкилоти “Гурӯҳи 24” ва ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» («Давлати исломии Ироқу Шом») тарғиботро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, 18-уми феврали соли 2016 дар шаҳри Новороссийскии Федератсияи Россия  тавассути телефони мобилӣ ва барномаи муоширатии интернетии “Whatsapp” се адад сабти видеоии хусусияти экстремистидоштаи ба равияи “Салафия” мансуббударо  ба телефони мобилии  Набиев Орзу Аҳмадович ирсол кардааст. Ҳангоми азназаргузаронии телефони мобилии тамғаи “Asus”-и  Икромов И.Я  аз хотироташ сабтҳои видеоӣ ёфт шуданд, ки мувофиқи хулосаҳои коршиносон он сабтҳо мансуб ба равияи динии «Салафия», «Давлати исломӣ» («Давлати исломии Ироқу Шом») ва “Гурӯҳи 24”   буда,  мазмуну моҳияташон хусусиятҳои фаъолияти экстремистиро дар бар мегиранд. Дар манзили истиқоматии худ, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Ҷамоати деҳоти Шӯроободи деҳаи Хоҷағалтон  ба ҳамсинфонаш Қаландаров Шералӣ Ҷамолиддинович, Аслидини Отахон ва Эвазов Раҳматулло Азизович дар бораи Амиряздони Шамсимад, ки  дар ҷангҳои давлати Сурия дар ҳайати Давлати исломии Ироқу Шом  ҷангида,  ба ҳалокат расида буд, сухан ронда,  ба онҳо  бо истифода аз телефони мобилиаш 2 адад сабти  видеоиеро нишон додааст, ки мувофиқи хулосаи коршиносон  дар онҳо даъвати кушод ба барангехтани кинаю адовати динӣ ва тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин мавҷуданд… Судшаванда Икромов Ифтихор Январович дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 3073  қисми 1 ва 189 қисми 1-и КҶ ҶТ худашро пурра айбдор ҳисобида, изҳор дошт, ӯ намедонист, ки нигоҳ доштан ва паҳн намудани сабтҳои видеоии марбут ба равияи динии «Салафия», «ДИИШ» ва «Гурӯҳи 24» ғайриқонунист. Аммо бояд гуфт, ки надонистани қонун гуноҳро кам намекунад. Суд ҳама ҳолатро баррасӣ намуда, ҳукм баровард, ки ба Икромов Ифтихор Январович бо моддаи 3073  қисми 1  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи телекоммуникатсия ва машғул шудан ба фаъолияти алоқаҳои мобилии интернетӣ ба муҳлати 4 (чор) сол  ва бо моддаи 189 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол  ҷазо таъйин карда шавад.

Ба ин монанд мисолҳо зиёданд, ки аз камдонишӣ ба роҳи хато рафтани баъзе ҷавононро нишон медиҳанд. Онҳо ба ҷойи илму ҳунар омӯхтан ва  ба манфиати халқу Ватан фаъолият намудан, ба  корҳое даст задаанд, ки бар зарари шаҳрвандон ва сулҳу амнияти кишвар равона шуда буданд. Бинобар ин, бояд акнун назди қонун барои амалҳои ғайриқонуни худ ҷавоб гӯянд ва беҳтарин солҳои умри худро пас панҷара сипарӣ намоянд.

Н. Амонзода,

судяи суди шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш