Нашрияи Омӯзгор

Дар ҷодаи илму таълим

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Дар ҷомеаи мо таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ ҳамвора меафзояд ва рушди ҷомеа, таъмини осоиштагию бехатарии он, некуаҳволии мардум бо пешрафти илмҳои мазкур ҳар чӣ бештар иртибот пайдо мекунад.

Аз ин ҷост, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид. Дар баробари тадрису таълими амиқу самарабахши фанҳои мазкур, ҳадафи дигари ин тадбири хеле саривақтию муҳим омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаҳои улуми дақиқ, аз ҷумла, физика мебошад. Хушбахтона, гурӯҳе аз устодони мумтозу масъулиятшиноси кишвар бо дарки хусусиёти айём ва омилҳои рушди ҷомеа бар он мекӯшанд, ки ҷавонон аз илмҳои дақиқ огаҳии комил дошта бошанд ва вобаста ба ин илмҳо самтҳои фаъолияти ояндаи худро муайян созанду ба ин васила ба тараққии мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.

  Олими шинохта, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири кафедраи физикаи ядрои (ҳастаи) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Барот Махсудов аз ҳамин гуна устодон аст. Ӯ чиҳил сол боз дар ҷодаи пажӯҳиш ва таълиму тарбияи мутахассисони сатҳи гуногуни соҳаи физикаи ядро сидқан заҳмат мекашад ва метавон гуфт, ки устоди соҳибмактаб аст.

Профессор Б.Махсудов соли 1977 ба Донишкадаи физикаи муҳандисии Москва дохил шуда, онро соли 1984 ба итмом мерасонад ва бо салоҳдиди устодони соҳа таҳсилро дар аспирантура давом медиҳад. Мавсуф соли 1988 пас аз хатми аспирантура дар мавзӯи «Хосиятҳои ҳароратӣ ва диградатсионии гитеролазерҳо» рисолаи номзадӣ (таҳти роҳнамоии профессор П.Г.Елисеев) ҳимоя мекунад.

Профессор Б.Махсудов аз соли 1988 то кунун устоди кафедраи физикаи ядрои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.       

Ин донишманди пуркор пайваста ба пажӯҳиш  машғул шуда, соли 2015 дар мавзӯи «Тавсифи дегратсионӣ, мавҷбар ва ҳарорати лазерҳои инжексионӣ дар асоси гетеросохтори АIIIBV» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.   Асарҳои зерин ба қалами профессор Б.Махсудов мансубанд:

1. «Усулҳои ядроӣ,

2. «Лазерҳо»,

3. «Асосҳои физикаи атому ядро ва дозасанҷӣ…». Устод як  силсила дастурҳои методию васоити таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ низ таълиф кардааст.

Муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ,  методӣ-таълимӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Бештари нигоштаҳои ин олими пурмаҳсул ва дақиқкор ба умдатарин масоили илми физика, аз ҷумла, физикаи ядроӣ бахшида шудаанд ва арзиши баланди онҳоро зумрае аз мутахассисони варзидаи соҳа таъкид бинмудаанд.

Устод Б.Махсудов ба ҷанбаи амалии пажӯҳишҳояш таваҷҷуҳи махсусу ҳамешагӣ зоҳир менамояд, зеро:

Илме, ки дар он амал

набошад,

Ҷуз арбадаву ҷадал

набошад.

Бахши дигари фаъолияти басо пурмасъулияти профессор Б.Махсудов омӯзгорӣ мебошад. Ӯ дар омодасозии мутахассисони соҳибунвон (номзадҳо ва докторҳои илм)  ҳиссаи арзанда дорад.

Соли равон барои профессор Б.Махсудов ва ҳамкорону шогирдон, аҳли оилааш соли махсус аст, зеро ӯ баҳори 60-умини умрашро истиқбол менамояд.

Устоди азизро ба ин муносибат сидқан муборакбод намуда, барояш тансиҳативу хонаободӣ, саодати ҷовидон таманно менамоем.

Абдуҳамид Нарзиев,

дотсенти ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш