Нашрияи Омӯзгор

Дар раҳи кӯҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир, чун дар тамоми ҷумҳурӣ, соҳаи маориф дар ноҳияи Рӯдакӣ пайваста рушд меёбад. Аҳли маорифи ноҳия бар он мекӯшанд, ки пеш аз ҳама, сатҳи таълиму тарбияро давра ба давра боло баранд ва бо ин ҳадаф бештар аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияҳои муосир истифода намоянд.

Бисёр муҳим аст, ки шахс аз ибтидо арсаи фардои зиндагиашро қотеона ва дуруст (на аз рӯи ҳавою ҳавасу ҳар чӣ бодо бод) интихоб намояд, дар ин кор ӯро азми дурусту саъйи комил роҳбар бошад. Интихоби шоистаю донистаи самти фаъолияташ дар оянда нахустомили комёбӣ ва саодатмандӣ дар зиндагии ҳар фард хоҳад буд. Ба қавли маъруф, ҳар кохе он вақт устувору муҳташам бунёд мешавад, ки хишти аввалинаш росту дуруст гузошта шавад.

Ин мазмуни тақдирсозро Ғиёсиддин Шарифзода, чун навраси ҳушёру  зирак ва дар таҳсил  кӯшо буд, аз оғоз саҳеҳ  дарёфту фаҳм намуд ва  дар заминаи шавқу ҳавасу майлу  рағбаташ ба хулосаи қатъие расид, ки дар оянда корманди соҳаи маориф, аниқтараш, омӯзгор хоҳад  шуд.  Ва чун ба фанни таърих бештар таваҷҷуҳ дошт (ҳарчанд аз  ҳамаи  фанҳо баҳояш аъло буд), пас аз хатми  мактаби зодгоҳаш (деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ)  барои идомаи таҳсил факултаи таърихи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро интихоб намуд ва ин  даргоҳи олии донишро соли 1984 бомуваффақият ба итмом расонд. Дар таълимгоҳи зодгоҳаш (мактаби №19), дар канори собиқ омӯзгоронаш ва дар муҳити ошнову дилхоҳу дар иҳотаи ҳамдиёрон оғози фаъолият намудан басо мақбулу гуворо буд барояш. Он солҳо мактаби мазкурро яке аз шахсиятҳои шинохтаву соҳибэҳтироми ноҳияи Айнӣ, омӯзгори мумтоз Олмуҳаммад Зоҳидов роҳбарӣ мекард ва ин мактаб дар радифи таълимгоҳҳои муваффақу эътирофгаштаи вилояти Суғд қарор дошт.

Гурӯҳи хеле бонуфузу варзидаи омӯзгорон ин ҷо ҷамъ омада буданду шогирдони таълимгоҳ аз ҳар ҷиҳат (ҳам дар таҳсил, ҳам дар ҳамоишҳои гуногун ва ҳам дар озмуну мусобиқаҳо) фаъолияти шоиста нишон медоданд.

Дар чунин  таълимгоҳи  пешраву шуҳратёр  Ғиёсиддини дар ҷодаи таълиму тарбия навсафар пас аз се соли ҳамчун омӯзгори таъриху ҷамъиятшиносӣ кор кардан ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ таъйин гардид, ки ин, пеш аз ҳама, нишони эътирофи маҳорату истеъдод ва азму иродаи қавии омӯзгори ҷавон буд. Бо  тамоми ҳастӣ ба кор дода шуд, навоварию тозакориро шиор кард, мекӯшид, ки пайваста худомӯзӣ бикунад, фаъолияташро вусъат бахшад, эҳтироми устодонашро ба ҷой орад, аз онҳо  ҳар чӣ бештар биомӯзад, бо онҳо сари ҳар масъалаи печидае маслиҳат биорояд. Ин шеваи кору рафтор мусоидат ба комёбиҳояш кард ва дар саросари ноҳия чун ҷавономӯзгори соҳибистеъдод муаррифиаш намуд. Ин буд, ки бо интихоби раиси ноҳия Усмонқул Шокиров (яке аз  шахсиятҳои номвари ҷумҳурӣ ва роҳбари кордон) Ғиёсиддини ҷавон мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Айнӣ таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа чордаҳ сол кор кард ва ба муваффақиятҳои зиёде ноил гашт.  Дар ҳастии ӯ, дар зеҳну афкораш маънавияту маърифат, хираду адаб ба ҳам омезиш ёфта буданд ва ин омил боис ба пешравии  кораш мегардид. Дар солҳои 90-уми охири садаи бистум, ки вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат чандон муназзам набуд, дар соҳаи фарҳанг кор кардану ба комёбӣ мушарраф гаштан саҳл амале набуд. Мудири шуъба тавонист рисолати азалии фарҳангро ба кор гирифта, бо неруи он аҳли ноҳияро ба якдилию ҳамдигарфаҳмӣ, ба бун-ёдкорию созандагӣ ва самимона дӯст доштани Ватан ҳидоят намояд. Аҳли фарҳанги ноҳия дар он солҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» фаъолона ширкат варзида, ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии таъсиси ноҳияи хешро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд…

Соли 2009 Ғиёсиддин Шарифзода мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъйин гардид ва ба қавле, ба асли пешааш баргашт, ҳарчанд ки ӯ фарҳангро ҳам, пеш аз ҳама, василаи таълиму тарбияи ҳамагонӣ, як мактаби бузурги маърифатгустарӣ медонист.

Бо роҳбарии мудири нав соҳаи маорифи ноҳия вусъати дигар, неруи тоза пайдо кард,  муҳимтар аз ҳама, сатҳи таълиму тарбия тадриҷан боло рафт, мактабҳо ҳар чӣ бештар бо таҷҳизоти таълимӣ (аз ҷумла, бо компютерҳо, аёниятҳои техникӣ, мизу курсиҳо…) таъмин гардиданд ва сафи  омӯзгорони варзида афзуд.

Дар 25 деҳаи ин  ноҳияи кӯҳсор мактаби нав бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд ва  бунёди 5 толори варзишию якчанд майдончаи варзишӣ имконоту шароити таълимгоҳҳоро хеле беҳтар намуд. Мудири маориф бештар барои он талош варзид, ки саводомӯзии насли наврас дар сатҳи баланд бошад ва барои ин дар кулли мактабҳо  бо омӯзгорон вохӯриҳо баргузор карду арзу ниёзашонро шунид, рӯҳбаландашон намуд, иброз дошт, ки  ба дастгириашон ҳамеша омода аст… Корҳо пеш рафтанд, комёбиҳо  ба даст омаданд. Шогирдони таълимгоҳҳои ноҳия ҳамасола дар озмунҳои фаннии мактабиёни ҷумҳурӣ ғолиб омаданро  ба як навъ анъана табдил доданд. Ҳар сол беш аз 85 дарсади  хатмкардагони таълимгоҳҳои ноҳия донишҷӯи мактабҳои олӣ  мегардиданд. Ғиёсиддин Шарифзода собит намуд, ки дар ҳар вазифае,  ки ба ӯ бовар мекунанд, садоқатмандона, бо камоли масъулият кор  хоҳад кард…

Вақте ки  дар оғози соли равон масъалаи пешбарии номзад ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба миён омад, дар конференсияе, ки  бо ин мақсад бо иштироки интихобкунандагон аз ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент (қисман: се  ҷамоати деҳот) баргузор шуд, ҳамагон номзадии Ғиёсиддин Шарифзодаро пешбарӣ ва  ҷонибдорӣ намуданд. Таъкид шуд, ки ин зиёии асил, устоди варзида, шахсияти шинохта, ки дар сафи татбиқгарони мумтозу собиқадори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, метавонад дар мақомоти баланди кишвар баҳри таъмини волоияти қонун ва такмили некуаҳволии мардум дар канори вакилону сиёсатмадорони мамлакат корҳои шоис-таеро анҷом бидиҳад. Далели шоистаи таваҷҷуҳи махсус аст, ки Ғиёсиддин Шарифзода аз ҳавзаи интихоботии ноҳияҳои мазкур нахустин  номзад аз ҳисоби омӯзгорон мебошад.

Волотарин шарафмандӣ ба боварии халқ сазовор гардидан аст ва номзад ба вакилӣ  ба Маҷлиси намояндагон  Ғиёсиддин Шарифзода инро неку медонад ва бовар аст, ки минбаъд низ масъулиятмандӣ мароми фаъолияташ хоҳад буд. Аз ин рӯ, месазад, ки дар рӯзи интихобот ҳамагон якдилона ба ҷонибдории ӯ овоз  бидиҳем.

 

Абдурауф  Муродӣ,

Ғолиб Ҳасанов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш