Нашрияи Омӯзгор

Масъулиятшинос бошем

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 771        Шарҳ: 0

 

Афзоиши ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасон ва ноболиғон яке аз мушкилоти ҷомеаи мо ба шумор меравад. Сабаби асосии ин беназоратии падару модарон, алоқаи сусти мактаб бо оила, ҷомеа ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ мебошад.

Ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва наврасон   аз доираи оила ва мактаб берун баромада, таҳдид ба пешравии ҷомеа мекунад.

Мутаассифона, то ҳол дар ҳудуди вилоят, махсусан, дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ноболиғон ва наврасон даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо мезананд.

Соли гузашта дар миқёси вилоят 3 ҷиноят нисбат ба 7 ноболиғ ба қайд гирифта шуда буд. Тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар вилоят 734 нафар волидайн ба маблағи 55662 сомонӣ ҷарима гардиданд.

Мувофиқи таҳлилҳо дар минтақаҳои алоҳида таъсири кӯча нисбат ба падару модар болотар меистад, ки ин ташвишовар мебошад. Дар ин самт коллективи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва падару модаронро лозим аст, ки фаъолтар бошанд. Зеро раванди азнавтарбиякунии шахс, махсусан, кӯдакону наврасон кори басо душвор буда, масъулияти баландро талаб мекунад.

Ҳамкориҳои самараноки мақомоти дахлдор бо оила, мактаб ва аҳли ҷомеа баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон нақши муассир доранд.

Вобаста ба пешгирии ҷиноят байни ноболиғон дар ҷаласаи маҳдуди назди муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов дастур дода шуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ, волидайн ва омӯзгорон вобаста ба пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шавад.

Дар ин замина, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд ва барои минбаъд содир нашудани ҷиноят дар байни ноболиғон тавсияҳои судманд ба миён гузошта шуд.

Одинашо МАРДОВ,

сардори раёсати маорифи ВМКБ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш