Нашрияи Омӯзгор

Хидматаш арзанда аст

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Дар бораи инсонҳои некрою фарзонадил, заҳматписанду садоқатпеша, ки умри азизи хешро сарфи ободию сарсабзии кишвар  намудаанд, сухан гуфтан гуворост.

Махсусан, вақте ки нақл дар хусуси ҳаёту корномаҳои он ашхосе равад, ки   тамоми хушиҳои зиндагии хешро ба таълиму тарбияи  насли наврас  бахшида бошанд. Ва ҳаргиз аз ин талошҳо, шабу рӯзашонро ба меҳнати пурмашаққат гузарониданҳо ба умеди тарбияву ба камол расондани шогирдони содиқу вафодори модару ватан, номбардорони баномуси миллат, ифтихори халқу кишвар ҳадафе ба ҷуз хидмат  ба ин  марзу бум надошта бошанд. Омӯзгори мактаби №7-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наврӯзмо Гебалиева ҳамин гуна бонуи фидокору меҳнатқарин мебошад, ки ҳикмати «ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест»-ро шиори  зиндагии хеш қарор дода, тӯли 46 сол  мешавад, ки дар тарбияву ба воя расондани насли навраси созанда ҳиссаи босазо мегузорад. Мо, шогирдони муаллима, дирӯз буд, ки  паси парта нишаста, аз устодамон Н.Гебалиева сабақ мегирифтем. Дарсҳои ӯ ҷолибу шавқовар, диққатҷалбкунанда ва рангин мегузашт. Муаллима серҳаракат буд ва ҳеҷ гоҳ намехост шогирдонаш камфаъолият бошанд ва аз ин рӯ, ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо чун ҳунарманде зуҳур мекард, ки тамоми аҳли синфро ба  сухан гуфтану фикрашро баён доштан водор мекард. Дониши зиёд, ҷаҳонбинии фарох дошт, дар ҳама масъалаю мавзӯи марбут ба таъриху асноду меъёрҳои ҳуқуқӣ баҳс мекард, ба суолҳои шогирдон посухҳои дақиқу қонеъкунанда медод. Мо, шогирдон,  муаллимаро чун  модарамон дӯст медоштем, зеро самимияту меҳр, сидқу талошмандӣ ва серталабию  сахтгириҳояш писандамон  буд. Ҳар чӣ имрӯз  мо ёфтем, ба шарофати заҳмату кӯшишҳои пайвастаи муаллима рӯйи кор омадааст.  Ёд дорем, муаллима дар мактаб ҳамроҳи шогирдон, баъд аз дарсҳо васоити аёнӣ тайёр  мекард, ки аз аёниятҳои чопӣ ҳеҷ тафовуте надошт. Овезаю навиштаҷот, шиорҳо ва дигар воситаҳои аёние, ки ба мавзӯъҳои таълимӣ аз фанҳои  таърих ва ҳуқуқ бахшида шуда буданд, дар синфхонаи махсус нигоҳ дошта, мешуданд. Синфхонаи (кабинети) таъриху ҳуқуқ  яке аз дарсгоҳҳои намунавӣ дар таълимгоҳ ба шумор мерафту меравад. Мо сабақҳои муаллимаро гирифта, ба макотиби олӣ дохил шудему баъди хатми он инак, солҳост дар паҳлуи Н.Гебалиева ба касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул ҳастем.

Хидматҳои муаллимаи азиз Наврӯзмо Гебалиева бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва чандин ифтихорнома қадрдонӣ гардидааст.

Инак, муаллима ба синни мубораки 70 қадам мениҳад.

 Мо ӯро ба мавлуди  умри пурфайзаш шодбош мегӯем ва ба фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно мекунем.

Ҳабиба Бобиева,

омӯзгори мактаби №7,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш