Нашрияи Омӯзгор

Адаб перояи инсон аст

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Пӯшида нест, ки ҳоло аз одобу рафтори қисме аз ҷавонону мактабиён аҳли ҷомеа изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ин ҳолат сабаби воқеӣ дорад. Ва ин сабаб аз китобу китобхонӣ дур будани насли наврас мебошад. Китоб устоди бузурги ҳар фард аст. Фурӯғи субҳи доноӣ марбут  ба китоб мебошад.

Камина муаллим ҳастам ва солҳои тӯлонист, ки дар мактаб фаъолият дорам.  Мушоҳида мекунам, ки зумрае аз шогирдон ҳавобаланд, мағрур, худпараст ва камсавод мебошанд. Ҳатто, агар тасодуфан дар ҳавлии мактаб ва ё дар роҳравҳо ба ҳам бархӯранд, аз якдигар узр пурсидан намехоҳанд, «серкору даршитобанд» ва фаросати узр пурсиданро ҳам надоранд. Ба фаҳми чунин бачаҳо, узр пурсидан  пастию тарсончакӣ, худро дар пеши каси озордида сархаму муттаҳам кардан аст. Наврасону ҷавонони мо бояд бидонанд, ки ҳаргиз ин хел нест. Барои одами тарбиядида узр пурсидан  камоли маданият ба ҳисоб меравад. Шогирдони мо бояд бидонанд, ки каси мағруру ҳавобаланд оқибат шарманда мешавад, чӣ тавре ки «бори каҷ ба манзил  намерасад».

Орифи бузург Имом Ғазолӣ дар ин боб таъкид мекунад: «Ҳамчунон к-аз мурдор (ҳайвони мурда  ва бӯйгирифта) бӯйи ганд ояд, аз бехираду беодоб бӯйи ганди нодонӣ ояд, ҳам ӯро зиён дораду ҳам ҳамсоягонро». Пас, шогирдони азиз, бояд рӯй ба китоб биоварем, анису муниси китоб бошем, бехирадию беодобиро аз худ дур созем, то аз маърифату одоб ва тарбияи гирифтаамон ба дигарон манфиати маънавӣ бирасонем. Чун инсон аз хурдӣ тарбия мегираду дониш меомӯзад, дар зиндагӣ роҳату баракат меёбад.

Шаҳреза Акимова,

омӯзгори мактаби №129-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш