Нашрияи Омӯзгор

Мураббӣ бояд муваффақ бошад

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Доираи фаъолияти омӯзгорон хеле бавусъат мебошад. Онҳо ҳам мувофиқи ихтисоси худ аз ин ё он фан дарс медиҳанд, ҳам фаъолияти роҳбари синфӣ доранд, ҳам маҳфилҳои гуногун баргузор менамоянд, ба корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ бо шогирдон машғул мешаванд, бо волидон суҳбату вохӯриҳо созмон медиҳанд.

Маълум, ки дар маркази фаъолияти омӯзгорон таълиму тарбия қарор дорад ва дар баробари ин аҳли таҳқиқ, мутахассисони соҳа ба тарбия нисбат ба таълим афзалият бахшидаанд. Воқеан ҳам, шахси бетарбия дар таҳсил комёб шуда наметавонад ва аз ин ҷост, ки дар урфият «олим шудан осон, одам шудан душвор» гуфтаанд. Ин шоҳбайти Ҳофизи Шерозӣ низ машҳур аст, ки нақши тарбияро дар ҳаёти инсон ба таври барҷаста таъкид мекунад:

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон

нагирифт,

Агар ба чашмаи хуршед сар

кашад, худрӯст.

Тамоми машғулиятҳои омӯз-горон ҷанбаи тарбиявӣ доранд, ҳамаи омӯзгорон дар тарбияи ҳаматарафаю босамари шогирдон масъуланд, вале дар ин миён чунин ба назар мерасад, ки мураббиёни таълимгоҳҳо дар тарбияи насли наврас масъулияти бештаре ба дӯш доранд. Дар мактаб-интернатҳо барои назорати фаъолияти хонандагон ва мусоидат ба тарбияи комили онҳо вазифаи махсус- мураббӣ муқаррар карда шудааст. Мураббиён бояд, пеш аз ҳама, дар боби тарбия мумтоз бошанд ва асосҳои методологияи тарбияро хуб донанд. Дуруст аст, ки онҳо бештар бо шогирдон дар омодагии онҳо ба дарсҳо ҳамкорӣ мекунанд, назорат менамоянд, дарсҳои илова баргузор месозанд, аммо ҳамбаста бо ин тадбирҳо мунтазам ба тарбияи хонандагон назорат мекунанд, бо онҳо машғулиятҳои тарбиявӣ созмон мебахшанд. Маълум, ки тарбия ҷараёни таъсиррасонӣ ба ташаккули хислату одобу рафтори шогирдон, ҳидояти онҳо ба некию накукорӣ, дӯстию рафоқат, донишандӯзию маърифатмандӣ мебошад. Ҳангоми тарбияи хонандагон мураббӣ бояд қаблан онҳоро аз ҳар ҷиҳат омӯзад ва дар ин замина бо онҳо муносибат намояд. Шогирдонро чунон тарбия бояд кард, ки онҳо хушмуомилаю хушрафтор гарданд ва ба ҳамдигар бо эҳтиром, самимона муносибат намоянд. Муомилаи нек бо атрофиён аз умдатарин хислати ҳар як наврас бояд бошад. Ин гуна хислат хонандагонро ба ҳам наздик мекунад, дӯсту рафиқ мегардонад ва дар байни онҳо аҳлиятро ба вуҷуд меоварад. Ба тарбияи комили хонандагон фаъолияти меҳнатӣ мадади ҷиддӣ мерасонад. Меҳнати аҳлона хонандагонро бо ҳам наздиктару самимитар менамояд.

Барои он ки мураббӣ дар тарбияи шогирдон муваффақ бошад, бояд ӯ аз қонуниятҳо, усулҳо ва воситаҳои самараноки тарбия огаҳии кофӣ дошта бошад.

Муҳим аст, ки дар тарбияи хонандагон алоқамандии тарбия бо ҳаёт ва фаъолияти ҳамарӯза, эҳтироми шахсити кӯдак, пайдарҳамию муназзамии омилҳои таъсиррасонӣ, хусусиёти синнусолӣ ва имконоти ҷисмонию равонии наврас пайваста ба инобат гирифта шаванд. Мураббиро лозим аст, ки мунтазам ба худомӯзӣ ва дар давраи муайян ба такмили ихтисос машғул гардад. Дар ин сурат ӯ дар тарбияи шогирдон комёб хоҳад буд.

Фирӯза АБДУРАҲМОНОВА,

мураббии мактаб-интернати

миёнаи махсуси санъати мусиқии

ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш