Нашрияи Омӯзгор

Кони маънӣ буд

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Зан-модарро беҳуда чароғи хонадону роҳнамои зиндагӣ намегӯянд. Вобаста ба ин, мехостам дар бораи нафаре сухан гӯям, ки бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар дилу дидаҳои ҳамагон ҷой гирифта буд. Ин шахсияти нотакрор устоди азизу меҳрубон, зани ҳалиму хоксор, модари мушфиқу ғамхор, дилдодаи мактабу маориф, муаллимаи собиқадори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Рӯдакӣ, шодравон Хуршеда Маликова буданд, ки мутаассифона, ҳаётро хеле барвақт падруд гуфтанд. 3-юми ноябри соли 2019 қалби пур аз меҳру шафқат ва моломоли дарду ҳасрати муаллимаи азизамон Хуршеда Маликова аз тапиш бозмонд. Марги бармаҳал риштаи ҳаёти ин зани ҳалиму хоксорро дар 61-солагӣ канд ва аз байни мо, ҳамкасбон, ёру дӯстон, шогирдон, ҳамсоягону наздикон рабуд.

Хуршеда Маликова  бештари умри худро дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас сарф намуда, тӯли фаъолияти омӯзгории худ чандин шогирди закиву донишмандро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудаанд.

Муддати фаъолияти омӯзгориям, ки бо муаллима ҳамкорӣ намудаам, ҳатто, боре ҳам мушоҳида накардаам, ки бо нафаре, чи хурду чи бузург сухани дурушт гуфта, ё бо овози баланд ҳарф зада бошанд. Оромтабиату некгуфтор буданд. Муаллимаро кони сухан ва ганҷи маънӣ мегуфтем, зеро воқеан ҳам муаллима бо гуфтору рафтори бомаъниву ботамкин аз дигарон фарқ мекарданд. Марги ҳамсарашон, устоди зиндаёд Ҳотам Ҳасанов (равонашон ба хайр), ки чанд сол қабл ба миён омада буд, муаллимаро хеле рӯҳафтода гардонида буд. Бори гарони зиндагӣ ва тарбияи фарзандон, ки масъулияти зиёдеро талаб мекард, бар дӯши худи муаллима афтода буд. Ба ҳамаи ин сахтиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, муаллима ба зиндагӣ бо нигоҳи самимӣ ва дили гарм менигаристанд. Ҳаргиз аз норасоиву камбудии зиндагӣ ҳарф намезаданд. Дар ҳалқаи фарзандону шогирдон буданро хеле дӯст медоштанд.

Сад ҳайф, ки ҷойи муаллимаи меҳрубон Хуршеда Маликова  имрӯз дар байни мо, омӯзгорон, холист.

Мо  бо ҳасрату андуҳ ба наздикон ва пайвандони шодравон изҳори ҳамдардӣ намуда, гуфтанием: ёдатон ба хайр, муаллимаи азизу дилсӯз.

Малоҳат Сатторова,

омӯзгори мактаби №5, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш