Нашрияи Омӯзгор

Падари накуноми мо

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Волидони накуному хирадманд ифтихори фарзандонанд. Чунин волидон дар тарбияи фарзандони хеш самимона мекӯшанд ва пеш аз ҳама, худ бо гуфтору рафтори некуяшон намунаи ибратанд.

Мо ифтихормандем, ки парвардаи як оилаи шарафманду хирадмеҳварем ва ин оиларо падари азиз Абдуқодир Неъматов сарварӣ менамоянд.

Падари арҷманди мо пешаи омӯзгорӣ доранд ва аз пешаи худ ифтихорманданд. Эшон қариб ним асри умри пурбаракаташонро ба таълиму тарбияи ҷавонони саодатманди кишвар – донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бахшидаанд. Солҳо боз мудири кафедраи физикаи ин боргоҳи маърифат мебошанд, номзади илмҳои физикаю математика, дотсентанд. Дар коргоҳашон ҳамагон падари маҳбуби моро эҳтиром мекунанд ва ҳамчун яке аз беҳтарин устодони донишгоҳ меҳисобанд.

Падари азизи мо ба синни мубораки 70 расиданд ва хушо, ки ҳоло ҳам саломату фаъолу пуркоранд ва мудом фикри шогирдон ба сару зик-ри номи онҳо ба забон доранд. Дар оила низ ҳамеша меҳрубону ғамхоранд. Падари соҳибхираду накупешаамонро ба ифтихори солгарди мубораки умрашон табрику таҳният мегӯем ва барояшон идомаи пурсаодати ҳаёту фаъолиятро таманно дорем.

Барои мо зи ҳар чизе, ки

гӯянд:

- Чӣ хуб аст ин ! Беҳ аз онӣ,

падарҷон!

Мадина, Нигина,

Ситора ва аҳли хонадон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш