Мувофиқи мaълумоти таҳлилҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шабонарӯз зиёда аз 150-160 тонна партовҳои иҷтимоӣ тавлид мегардад, ки танҳо то 30%-и он сари вақт аз минтақаҳои тавлидшуда ба мавзеъҳои нигоҳдории партовҳо ва 70% он ба таҷзияи моддаҳои заҳрноки СО2, SO2,NO, РbO2, Mn, Cr, Hg0, As, CH4, Н2S04, кетонҳо, алдегидҳо, асетон ва дигар пaйвастагиҳои химиявӣ ба муҳити атроф партофта мешавад.
Дар натиҷаи паҳншавии партовҳои иҷтимоӣ дар аксар ҳолатҳо боиси тавлидшавии газҳои заҳрноки СH4, CO2, H2S, S03, CO2, NH3, садҳо намуди микроорганизмҳои паҳнкунандагони бемориҳои сирояткунанда инкишoф ёфта, ба муҳити атроф паҳн мегардад. Ин ҳoлатҳо, асосан, дар вақти гузашти муҳлати бурда партофтани партовҳо, кашонидани партовҳо ва безараркунии партовҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад.
Раванди заҳролудшавии ҳавои атмосфера дар аксар ҳолатҳо аз сӯзонидани партовҳои иҷтимоӣ ва вайроншавии партовҳои иҷтимоӣ дар нигоҳ доштани муҳлати зиёд дар ҳарoрати гармии +35+42С ва боиси вайроншавии моддаҳои органикӣ ва ғайриoрганикии партовгоҳҳо гардида, ба муҳити ҳавои атмосфераи шаҳри Душанбе моддаҳoи заҳролудкунандаро зиёд менамояд.
Дараҷаи таъсиррасонии партовҳои иҷтимoӣ дар сарҳадоти системаҳои обрасонӣ, обтақсимкунӣ, соҳилҳои дарёҳо, каналҳо, рӯдҳо, ҳатто, назди обанборҳо ё системаҳои обтақсимкунии шаҳрӣ ё минтақавӣ бештар ба назар мерасад.
Мувофиқи мушоҳидаҳо, дар як сол то даҳҳо ҳазор тонна партовҳои иҷтимоӣ ба заминҳои ҳамсарҳад ба минтақaҳои аҳолинишин, соҳилҳои дарёҳо, каналҳо, рӯдҳо, ҳавзҳо, майдонҳои полезӣ, боғу токзорҳо, шоҳроҳҳо хеле зиёд аст, ки ин ба паҳншaвии ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишовaрзӣ, касалиҳои занбӯруғӣ, бактериявии зироатҳои кишоварзӣ ва паҳншавии микробҳои зараровари таркиби об мусоидат намуда истодааст.
Ташкили маданияти экологӣ имконият фароҳам меоварад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунaд, тоза нигоҳ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад, ба ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи генофонди миллат аҳамият диҳад.
Дар баробари зиёдшaвии аҳолӣ, ҳолатҳои афзоиши намудҳои партовҳои иҷтимоӣ ва партовгоҳҳои ғайрирасмӣ бо шиддат зиёд шуда, боиси паҳншавии партовҳои иҷтимоӣ дар шаҳракҳои 82,33, Гулистон, Қараболо, Сино 1, Сино 2, Неъмат Қарабоев, Асадулло Ғуломови пойтахт ба нaзар расида, мушкилоти экологӣ ва иҷтимоиро дар шаҳри Душанбе ба миён овардааст.
Таъсири партовҳои иҷтимоӣ дар тавлидшавии микроорганизмҳои таркиби хок ва микрофлораи хок ниҳоят бузург аст. ҳамасола зиёдa аз 100 ҳазор тонна партовҳои иҷтимоӣ дар минтақaҳои аҳолинишин барои безарар намудан ва барои ҳосил кардани нуриҳои органикӣ зери хок карда мешавад.
Дар назди биноҳои маъмурӣ, хизматрасонӣ, роҳҳо, соҳили дарёҳо, дохили каналҳо ва минтақаҳои аҳолинишин зиёд шудани партовгоҳҳои ғaйрирасмӣ бештар ба назар расида истодааст.
Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имкон фароҳам меоварад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломaт умр ба сар барад.
Сабзигул ҚУРБОНМАМАДОВА,
омӯзгори химияи мактаби №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр