(Мулоҳизаҳо перомуни навиштаҳои устодону омӯзгорон)
Ба идораи нашрияи «Омӯзгор» ҳамарӯза маводу матолиби зиёде аз номи устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар ворид мегарданд. Беҳтарин навиштаҳо ба навбат дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба нашр мерасанд.
Баъзе муаллифон зуд – зуд ба мо занг мезананд, аз чоп нагардидани маводу матолиби ирсолнамудаашон пурсон мегарданд. Иддае исрору пофишорӣ мекунанд, ки навиштаашон хуб буд, вале аз чӣ бошад, ки сари вақт нашр нашудааст ва амсоли инҳо. Таъкид бояд кард, ки на ҳама навишта, ки мақола унвон гирифтааст, ба талаботи ин жанр посухгӯ мебошад. Аксаран ба манзури мақолаи методӣ ба идораи «Омӯзгор» навиштаҳое пешниҳод мегарданд, ки паҳлуи тозаю нав ва пешниҳоди омӯзанда надоранд. Мавзӯъҳо нав нестанд, фикрҳо умумӣ, суханҳо такрори гуфтаҳои дигарон. Ҳар як дарсу машғулиятро ба сифати мавзӯи ҷолиб нусхабардорӣ кардаю мақола ном ниҳода, ба нашрия фиристодан ба омӯзгору хонанда чизе намедиҳад.
Дувум, навиштаҳое ба идора ворид мегарданд, ки хусусияти назариявӣ доранд, ба шарҳу тафсири мафҳуми истилоҳоти илми педагогика, низомҳои ҷадиди таълимӣ ва меъёрию талаботи иҷрои барномаю стандартҳои таълимӣ дахл мекунанд. Мутаассифона, на ҳамаи ин навиштаҳо лоиқи нашранд, зеро дар онҳо суханпардозиҳои тӯлонӣ, набудани андешаю афкори бикр, бардоштҳо аз навиштаҳои олимон амиқан ба чашм мерасад. Ба ин мисол шуда метавонад маводу матолибе, ки дар хусуси усули таълими салоҳиятнокӣ таълиф гардидаанд. Бештари мақолаҳои муаллифон якранганд ва ба маънидоди вожаҳои «салоҳият», «салоҳиятнокӣ», «таълими салоҳиятнок» ва монанди он бахшида шудаанд. Паҳлуи амалии машғулиятҳо бо истифода аз ин сабк дар заминаи таҷрибаи худи устодону омӯзгорон ба чашм намерасад, ё аслан равшану барҷаста нестанд. Савум, навиштаҳое ҳамчун баргирифта аз таҷрибаю фаъолияти омӯзгорон тавсия мешаванд, ки кори муқаррарии ҳаррӯзаи омӯзгоронро дар бар мегиранду халос. Силсиламақолаҳое, ки соати тарбиявӣ ном гирифтаанд, аз ҳамин қабил маҳсуб меёбанд. Омӯзгорони мактаби №27-и ноҳияи Варзоб Ҷумъахон Раҳимов дар мақолаи худ «Нақши роҳбари синф дар таълиму тарбияи хонандагон», гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон Санавбар Ғаниева – «Конфронси илмӣ – адабӣ бахшида ба солгарди сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик, устод Садриддин Айнӣ», мактаби №8-и шаҳри Истаравшан Ш.Ҳамдамова – «Об сарчашмаи ҳаёт аст» (соати тарбиявӣ), А.Домуллоев аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ассистенти кафедраи МТМ ДДК ба номи А.Рӯдакӣ Рӯҳулло Ҳусайнов – «Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест», омӯзгори мактаби №18-и ноҳияи Фирдавсӣ Шоира Ҷӯраева – «Иқдоми нек барои рушди ҳунарҳои мардумӣ», донишҷӯйи курси якуми факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ (кадом донишгоҳ ё донишкада буданаш сабт нашудааст), (бе унвон аст навишта), Мадина Каримова, омӯзгори мактаби №3, ноҳияи Исфара Мирзоҳикмат Маҳкамов – «Тарбия роҳи наҷот аст», сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Р.Солиҳов – «Эҳёи ҳунарҳо», ва «Муқовимат бо ифротгароён», омӯзгори гимназияи №1 – и шаҳри Истаравшан Мавҷуда Ҷумъаева – «Қатраи обро гуҳар кардан» (дарси тарбиявӣ), аз мактаби №26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Оламбӣ Шоева – «Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…» (дарси тарбиявӣ), аз таълимгоҳи рақами 57-и ноҳияи Рӯдакӣ Қутбидин Пӯлатов – «Тайёрии муаллим ба дарс», муаллими калони кафедраи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фирӯза Сангова – «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик», омӯзгори мактаби №50-и шаҳру ноҳияаш маълум нест, Маҳмадалӣ Сафаралӣ – «Касе донад, ӯ марди олим аст», муассисаи таҳсилоти миёнаи №11-и шаҳри Душанбе Малоҳат Зайдова – «Тарбия аз оила сар мешавад», муаллимаҳои мактабҳои №10-и ноҳияи Кӯлоб Хурсанд Одинаева ва №85-и ноҳияи Сино Оростамоҳ Ҳусейнова – «Дарси кушод ва аҳамияти он», мактаби №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ситора Ҷамолова – «Забони хориҷиро беҳтар омӯзем», мактаби №34-и шаҳри Душанбе Муқаддам Ҷӯраева – «Ҳаё олиҳаи инсонист», мактаби №63-и ноҳияи Шоҳмансур Зумрат Умарова– «Истиқлолият: зарурат, дарк ва масъулият, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Боҳир Раҷабов – «Роҳе, ки туро ба ҳақ расонад, илм аст», муовини директори мактаби №7-и шаҳри Кӯлоб Аъзам Бобоев – «Заминро эҳтиёт кунем…», муаллимаи мактаби №91-и шаҳри Душанбе Ниёзбибӣ Авезова – «Ҳама пешрафт аз китоб аст», омӯзгори мактаби №32-и шаҳри Кӯлоб Рустамҷон Раҷабов – «Чаро оилаҳо аз ҳам пош мехӯранд?», омӯзгори мактаби №32-и (ноҳияву шаҳраш номаълум) Амоншо Палавонов, аз мактаби №3-и ноҳияи Шаҳринав Камолиддин Сироҷов – «Пул ва хосиятҳои зарурии он», хонандаи синфи 7 «А»-и МТД гимназияи №1-и шаҳри Душанбе Марям Раҷабова- «Нақши зан – модар дар ҷомеа», коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Расулов – «Омилҳои сулҳовар ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон», омӯзгори мактаби №129-и ноҳияи Рӯдакӣ Абдусалом Нозимов – «Мо ҷавононро баҳри хизмати Ватан – Модар тарбия мекунем!», аз мактаби №27-и ноҳияи Мастчоҳ Баҳром Бобозода – «Нақши шеърандӯзӣ дар омӯзиши забони англисӣ», омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №29-и ноҳияи Деваштич Абдуғанӣ Муҳаммадиев - «Ваҳдат хайрхо-ҳиву дастгирӣ ва самимият аст», омӯзгори мактаби №34-и шаҳри Душанбе Ниёзбегим Равшанова – «Ҳаёт ва фаъолияти Масъуди Саъди Салмон», омӯзгори ДДСТ Мирзораҳим Миралиев – «Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ходими калони илмии ПРМ АТТ Баҳром Зулфонов – «Омӯзиши таълим дар муносибати босалоҳият», ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Мирсаид Раҳмонов – «Дар бораи Ҷумҳурии Озарбойҷон» (таҳлили муқоисавӣ), омӯзгори мактаби №7-и шаҳри Кӯлоб Оламбӣ Бегмадова – «Бузургонро бузургон зинда медоранд» (Роҷеъ ба шахсияти Муфтӣ Икромча), аз мактаби Президентии шаҳри Бӯстон МЭЛС Нуров – «Модари миллат» (бахшида ба Рӯзи Модар) ва омӯзгори мактаби №26-и шаҳри Душанбе Заррина Салоҳова – «Таҳкимбахши рушди таълим», мактаби №33-и ноҳияи Шоҳмансур Ниёз Ниёзов – «Паём ва масъулияти омӯзгорон», мактаби №3-и ноҳияи Шаҳринав Камолиддин Сироҷов – «Зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода», мактаби №10-и ноҳияи Айнӣ Абдувалӣ Бадалов – «Об ҳасту ҳаёт пойдор аст» (намунаи як соат дарси тарбиявӣ)... перомуни масъалаю мавзӯоти гуногуни соҳаи маориф ва таълиму тарбия андешаронӣ намудаанд. Кормандони нашрия ба муаллифони мақолаҳое, ки мавзӯи онҳо ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ бахшида шудаанд, аз ҷумла, мутахассиси шуъбаи таълими Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳри Қӯрғонтеппа Асомиддин Асоев, муовини директор оид ба корҳои таълими мактаби №57-и ноҳияи Рӯдакӣ Қутбиддин Пӯлатов, мудири шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Панҷакент Умар Ҷалолов, омӯзгорони ноҳияи Мастчоҳ Ҳикмати Тилло, мактаби №14-и шаҳри Гулистон Ғайрат Шарифов, донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент Ризвониддин Хӯҷамов, мактаби №129-и ноҳияи Рӯдакӣ Абдусалом Нозимов, мактаби Президентӣ дар вилояти Суғд МЭЛС Нуров, корманди китобхонаи вилояти Хатлон Заррина Оқилова, мактаби №29 Анзурат Қодирова, корманди осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шаҳноза Қодирова, устоди ДМТ Нарзулло Каримов, мактаби №81-и ноҳияи Сино Омина Ахмедова, муаллими калони кафедраи ҷамъиятӣ ва забонҳо, лейтенанти калони милитсия Д.Қурбонов, мактаби №74-и ноҳияи Фирдавсӣ Ёсуман Турсунова, мактаби №14-и ноҳияи Мастчоҳ Таҳмина Замонова, ходими калони шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ПРМ Фарзонаи Ҷамшед ва дигарон самимона изҳори сипос менамоянд.
Дар зимн баъзе эрод ва пешниҳодоти худро ба самъи устодону омӯзгорон расонданием. Аввалан, вақти ба нашрия ирсол намудани мақолаю матолиби худ нишонии ҷойи истиқомат, маҳалли кор ва рақами телефонатонро аз ёд набароред. Ба идораи ҳафтанома як силсила навиштаҳое дохил гардидаанд, ки умуман бесуроғаанд. Дигар ин ки, як навиштаро ба чанд нашрия нафиристед. Чун дигар нашрия маводи таълифнамудаи шуморо чоп намуд, айни онро мо ба табъ нахоҳем расонд. Савум ин ки, ҳангоми иншои мақолаҳо ба забон, тарзи навишт ва имло диққати ҳамаҷониба додан шарт ва зарур мебошад. Дар сари ҳар як навишта фикру таҳаммули зиёд бояд кард. Оё афкору пешниҳоди шумо тозаву ноб аст? Мавзӯъ ҳалли пурра ва ниҳоии худро ёфтааст? Он навишта мукаммалу фарогир ва шакли мақоларо пайдо кардааст? Ҳамчунин, ба ҳаҷми мақолаҳо таваҷҷуҳи амиқ бояд зоҳир кард. Таъкид мекунем, ки ҳаҷми навиштаҳо мувофиқ ба талаботи нашрия аз 4 саҳифаи компютерӣ (ҳарфи андозаи 14, якунимфосилагӣ) зиёд набояд бошад, чун имкони чопи мақолаҳои калонро ҳафтанома надорад.
Дар охир ба кулли устодону омӯзгорон ва ихлосмандони нашрияи «Омӯзгор», ки бо мо ҳамкорӣ доранд, комёбиҳо таманно мекунем.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр