Нашрияи Омӯзгор

ДМТ: навоварӣ дар таълими соҳаи дорусозӣ

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар аст, ки ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва рақобати маҳсулоти ватанӣ  мебошад. Муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ яке аз қисматҳои амалии ин ҳадафҳо мебошад.

Барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ раванди омодасозии мутахассисони ояндаро бояд дар пойгоҳҳои амалии ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ ба роҳ монанд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот барои паркҳои технологӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад.

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»  10 сол сипарӣ гардид ва дар ин давра дар асоси он дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар паркҳои технологӣ созмон дода шуданд, ки қисме аз онҳо фаъолияти густурда доранд. Бояд таъкид кард, ки ҳадафи  таъсиси парк, ки дар қонуни фавқуззикр омадааст, рушди имкониятҳои  илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи  барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ,  мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосир, таҳкими  заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология, муттаҳид сохтани неруи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот, ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқон барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот,  рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна,  ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ ва ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ маҳсуб меёбад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ ва  илмӣ-татқиқотӣ буда, бо мақсади тақвият бахшидан ба низоми омодасозии мутахассисони соҳаи дорусозӣ ва такмил додани таҷрибаву анъанаи дорусозии миллӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю ташаббуси  садорати донишгоҳ соли 2011 дар назди  Парки технологии донишгоҳ коргоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии «Гиёҳчой»-ро  ташкил намуд.

Зимни суҳбат директори Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳматулло Юсуфов иброз дошт, ки соли 2019 коргоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии «Гиёҳчой» ба «Коргоҳи шаклҳои сахти доруворӣ» якҷо бо Маркази дорусозии Парки технологӣ табдил дода, бо бинои мувофиқ ва дастгоҳҳои навини замонавӣ  таъмин карда шуд. Аз тарафи мутахассисони Парки технологӣ бо роҳбарии сармутахассиси парк, мутахассиси пешбари соҳаи дорусозӣ Пайрав Халифаев гурӯҳи корӣ созмон дода шуд, ки он дар давоми як сол низоми сохторӣ, барнома ва дастурамалҳои корӣ, стандартҳои истеҳсолӣ, ҳуҷҷатҳои батанзимдароранда ва иҷозатдиҳандаи кориро таҳия ва ба тартиб дароварда, барои панҷ соли минбаъда иҷозатномаи фаъолияти фарматсевтиро ба даст овард. Дар ҳоли ҳозир барои мувофиқгардонӣ ва мутобиқгардонии низоми технологии коргоҳ истеҳсоли меваи майдакардашудаи хуч (настаран) дар шакли халтачаҳои полоишӣ, ҳамчун иловаи фаъоли биологӣ ба ғизо ба роҳ монда шуда, барои зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти истеҳсолӣ ва такмили низоми техникӣ-технологӣ корҳои омӯзишӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ҷо оварда мешавад. Мавриди зикр аст, ки коргоҳи шаклҳои сохти доруҳои марказ чунин сохтори таҷрибавӣ-истеҳсолие мебошад, ки пеш аз ҳама, ба истеҳсоли маводи доруворӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва дигар маҳсулоти тайиноти тиббӣ-профилактикӣ дошта сару кор мегирад ва аз ин рӯ, талаботи меъёрӣ-ҳуқуқӣ нисбат ба истеҳсоли чунин маҳсулот дар сатҳи  баланд бояд ба роҳ монда шаванд. Ба роҳ мондани фаъолияти дорусозӣ дар шакли маркази мутамарказонидашудаи дорусозӣ, ки ҳам ба таҳқиқу таҳияи ҳуҷҷатгузориҳои соҳавӣ ва ҳам ба истеҳсоли таҷрибавию омӯзишии маҳсулоти доруворӣ машғул бошад,  махсусан, ҷолиб буда, дар таҷрибаи Донишгоҳи миллӣ навоварӣ ба шумор меравад. Махсусияти дигари чунин сохторсозии низоми истеҳсоли дорусозӣ он аст, ки аз як тараф, дар баробари истеҳсоли маҳсулот, омӯзиши манбаъҳои маҳаллии ашёи хом (гиёҳҳои доруворӣ), дурнамои истифодабарии онҳо, муайянсозии  дурнамои парвариши онҳо, аз ҷониби дигар, пешбурди маҳсулоти истеҳсолшавандаро дар шароити бозори дорувории ватанӣ бо таҳқиқоти маркетингӣ омӯхта, натиҷаҳои илмӣ-амалии боэътимод ба даст оварда мешавад.  Ба ин монанд оид ба ҳар як масъалаи соҳавӣ марказ метавонад корҳои илмӣ-татқиқотӣ, илмӣ-иттилоотӣ ва лоиҳавӣ анҷом диҳад.  Албатта, барои чунин доираи васеи фаъолият, пеш аз ҳама, пойгоҳҳои худи донишгоҳ: факултаҳои фарматсевтӣ, химия ва биология, Институти илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар сохторҳои марбута мусоидат менамоянд, ки Маркази дорусозӣ бо мутахассисони ин сохторҳо ҳамкориҳои зич дорад. Дар баробари ин, марказ бо мутахассисони факултаи фарматсевтии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи химияи Академияи илмҳои ҶТ, бахши дорусозии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, бо ширкатҳои истеҳсолии «Шифо-чой», «Амон-чой», «Фармико», бо мутахассисони Академияи фарматсевтии шаҳри Харкови Украина, Донишкадаи умумироссиягии растаниҳои дорувории ароматӣ (ВИЛАР) - и Русия, Донишкадаи химияи пайвастагиҳои табиии Ӯзбекистон ва дигар марказҳои илмию инноватсионӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар  масъалаи бамеъёрдарорӣ ва барқарорсозии фаъолияти Маркази дорусозӣ, кормандони раёсати фарматсия ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ дастгириҳои усулӣ ва машваратии худро ҳеҷ гоҳ дареғ намедоранд.

Директори марказ Р.Юсуфов, ҳамчунин, таъкид намуд, ки дар баробари имкониятҳои хуби истеҳсолӣ, дар марказ шароити хуби корӣ-эҷодӣ фароҳам оварда шуда, бо техника ва технологияҳои компютерӣ, дастрасӣ ба шабакаи  ҷаҳонии интернет, ба пойгоҳҳои патенту ахборӣ ва китобхонаҳои электронии ҷаҳонӣ таъмин карда шудааст.

Ташкил гардидани чунин марказ дар мадди аввал барои татбиқ намудани технологияҳои навини фарматсевтӣ дар низоми истеҳсолоти дорувории ватанӣ ва асосноксозии илмии онҳо ба шумор меравад, ки ин дар таҳаввули анъанаи дорусозии навини тоҷик метавонад заминаҳои мусоид фароҳам  оварад.

Дар баробари ҳадафҳои барномавӣ дар фаъолияти марказ ба пешбурди равандҳои донишандӯзии муҳассилини факултаи фарматсевтӣ, ба роҳ мондани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии донишҷӯён аз фанни технологияи фарматсевтӣ, иштирок дар конфронсу чорабиниҳои  соҳавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Инчунин, устодони факултаи фарматсевтӣ ва муҳаққиқони соҳаи дорусозӣ, метавонанд дар ин марказ корҳои таҳқиқотӣ-таҷрибавиро ба роҳ монда, регламентҳои технологии озмоишгоҳӣ ва истеҳсолии саноатиро таҳия ва амалан ба ҷо оранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи дорусозӣ, махсусан, тайёр кардани дору, бештар малакаи амалиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, донишҷӯён дар ин марказ ба корҳои амалӣ машғул шуда, маҳорат ва малакаи худро сайқал медиҳанд ва мутахассиси кордида мегарданд.

- Дар коргоҳи марказ истеҳсоли таҷрибавии гиёҳҳои доруворӣ аз ашёи ватанӣ ба роҳ монда шудааст, ки бо ин восита дар мундариҷаи  амалии дорусозии ватанӣ  малакаву таҷрибаҳои нави соҳавӣ  зам мегарданд. Бояд қайд намуд, барномаву нақшаҳои амалӣ дар иртибот бо масъалаҳои умдаи соҳаи дорусозӣ ва ҳадафҳои дарпешгузоштаи  давлату ҳукумат: Стратегияи  миллии рушд барои давраи  то соли 2030, махсусан, ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат ва гузариш аз иқтисодиёти аграрӣ-индустриалӣ ба иқтисодиёти индустриалӣ-аграрӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дигар ҳадафҳои дахлдошта таҳия карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, фаъолияти ин коргоҳ барои татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тибу дорусозӣ ва маориф нигаронида шудааст, ки барои амалӣ намудани  он ҳайати кормандону мутахассисони Маркази дорусозии Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона месозанд, – зикр намуд Раҳматулло Юсуфов.

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш