Нашрияи Омӯзгор

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

ДАР ХУСУСИ АЗ ХУД КАРДАНИ ИЛМҲОИ БУНЁДӢ

Дар сарсухан ба китоби «Ибн Сина. Избранные философские произведения», ки нашриёти «Наука»-и Москва солҳои ҳаштодуми асри гузашта нашр кардааст, омадааст: «Номи Абӯалӣ ибни Сино (Авиценна) – зодаи Бухоро,  ба таърихи маданияти дунё ворид гаштааст. Ин ғайричашмдошт нест. Ӯ дар қатори бузургтарин олимон−энсиклопедистони асримиёнагӣ эътироф гаштааст. Мероси илмии ӯ бениҳоят васеъ буда, самтҳои гуногунро дар бар мегирад: фалсафа, тиб, риёзӣ, ситорашиносӣ, ботаника, кӯҳшиносӣ, забоншиносӣ, назмшиносӣ ва мусиқиро» (Ибн Сина. Избранные философские произведения. − М.: Наука, 1980. − С. 3).

Худи Абӯалӣ ибни Сино илмҳои назариявиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад: «Якум - илми дараҷаи олӣ ё илми аввалия, онро ҳамчунон илме меноманд, ки берун аз табиат вуҷуд дорад.Дуюм − илми миёна, математика. Сеюм илм дар бораи табиат...» (Ҳамон ҷо. –С.3). Дар идомаи сухан Абӯалӣ ибни Сино таъкид мекунад: «Аз тамоми ин илмҳо барои инсонҳо фаҳмотар, наздиктар илм дар бораи табиат мебошад, аммо дар он бисёр нофаҳмиҳо мавҷуд аст» (Ҳамон ҷо. − С.27).

Аз ҳама сифатҳои нобиғагӣ, ки Абӯалӣ ибни Сино дошт, доҳӣ будани ӯ (тавсифи Садриддин Айнӣ) дар соҳаи илми тиб хусусияти муайянкунандагиро касб кардааст. Яъне сухан дар бораи донишҳо дар самти илмҳои дақиқ меравад.

Дар омади сухан, хотирнишон кардани ин нукта лозим дониста мешавад, ки китоби номбурдаро (Ибн Сина. Избранные философские произведения. − М.: Наука, 1980.), дар ҳамин шакл Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба нашр омода ва бо заҳмат дар Москва нашр кардааст.

Мураттибон ва муҳаррирон дар сарсухани китоб ҳангоми муаррифии шахсияти Абӯалӣ ибни Сино − олим ва мутафаккири сатҳи умумиҷаҳонӣ, фақат бо ишораи зодгоҳ иктифо намуда, мутаассифона, аз ифодаи мансубияти миллӣ – тоҷик будани ӯ худдорӣ кардаанд.

Ин падида, албатта, сабаб дорад.

Аммо ба услуб ва муҳтавои маълумоте, ки замони раҳбарии И.В. Сталин дар бузургтарин ва боэътимодтарин фарҳанги «Большая Советская энциклопедия», нисбат ба тарҷумаи ҳоли ин нобиғаи олам ба табъ расидааст, бояд таваҷҷуҳ карда шавад:«Ибни Сино (шакли лотинишуда – Авиценна, замони зиндагиаш наздик ба солҳои 980-1037– С.Я.)− бузургтарин файласуфи тоҷик, табиатшинос, табиб, математик, шоир, мутафаккири мустақил ва такрорнашаванда. Дар деҳаи Афшана, наздикии Бухоро, маркази давлати Сомониён таваллуд шудааст. Падари И. С. –  Абдулло аз тоҷикони Балх, дар Бухоро аз ходимони соҳаи молия буд. Модари И.С.–тоҷик, Сетард ё Ситорабону аз д. Афшана. Соли 985 оилаи мазкур ба Бухоро барои зисти доимӣ омадаанд (Большая советская энциклопедия. Второе издание. Государственное научное издание «Большая советская энциклопедия». Ҷилди 17. − С.257).

Дар он давра, тарзе маълум аст, ҳарферо хато гуфтан ё навиштан масъулияти бузург ва пурсиш дошт. Дар чунин нашрияи бонуфуз мавод баъди хосияти аксиома (ҳақиқати бидуни баҳс)-ро доштан, иҷозаи табъу нашрро мегирифт. 

Қобили тазаккур аст, ки дар ин бонуфузтарин фарҳанги замони шӯравӣ, байни саҳифаҳои 256-257, расми калониАбӯалӣ ибни Сино − фарзанди барҷастаи миллати тоҷик, дар як рӯйи варақ,ҷой дода шудааст. Китоб зиёда аз панҷоҳ ҷилдро дар бар мегирад. Чунин ифтихор ба кам андар ками олимони ҷаҳон, ки бо хизматҳои оламшумули худ дар ин фарҳанг ёдовар шудаанд, муяссар гаштааст.

 Дар саҳифаи дуюми «Энсиклопедияи калони Шӯравӣ» омадааст: «Ҷилд барои нашр 30-юми октябри соли 1952 ба имзо расидааст».

Аз нашри ин китоби бузург наздик ба ҳафтод сол мегузарад. Аммо то ин замон касе ҷуръат накардааст, ки ҳақиқати дар он нигошташударо зери шубҳа гузорад.  

Муҳаррири масъули китоб академики Акадамияи фанҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ В. А. Введенский, ҳайати таҳририяи он иборат аз бисту панҷ нафар олимони маъруфи Шӯравӣ, аз ҷумла, академик Г. В. Келдиш, бузургтарин олими соҳаи математика ва физикаи даврони Шӯравӣ, ки баъдан президентии АФ ИҶШС (1961-1975)-ро ба уҳда дошт, буданд.

Эҳтимоли қавӣ он аст, ки мақолаи энсиклопедии зикр шуда доир ба Абӯалӣ ибни Сино зери назари Президенти ҳамонвақтаи Академияи фанҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ омода гардидааст.

Забон ва тарзи баёни маълумот, бо он қотеияте, ки аз донишмандӣ, хислат ва иродаи қаҳрамонии ин шахсияти нотакрори сатҳи ҷаҳонӣ сарчашма мегирифт, дар «Энсиклопедияи калони советӣ»ҳамчун шиноснома, ҳувият ва далели тасдиқгардидаи аслу насаби Абӯалӣ ибни Сино ҷой дода шудааст.

Садриддин Айнӣ гӯё нозукии масъаларо дарк намуда, воқеияти таърихиро дар бузургтарин сарчашмаи таърихӣ, дар вобастагӣ ба нуфузи сиёсии ҳокимияти давр, ки аз эътимод ва эҳтироми мардумони сайёра бархӯрдор буд, ҳуҷҷат ва муҳру васиқа кардааст.Ҳамин тариқ, ба  баҳсҳои эҳтимолӣ оид ба ҳақиқати тарҷумаиҳолии ин алломаи ҳама давру замон, ки ифтихори бузурги миллати тоҷик мебошад, ба тарзи абадӣ нуқта гузоштааст. 

«Таърифи афиниҳо дар назди афиниҳо мушкилӣ надорад» (Сократ. Большая книга мудрости. –М.: Эксмо, 2015. − С.49). Аммо муҳим он аст, ки мо бояд хислат, қудрат ва аз ҳама бештар,иродаи ҳимояи тахассусмандонаи манфиатҳои миллиамонро берун аз марзҳои давлатиамон дошта бошем. Онро дар амал нишон диҳем. Дар зарурат аз сарчашмаҳои муътамади сатҳи байналмилалӣ истифода карда тавонем.

Ба ин хотир, «Душмани донишгадоят «Дониш»-и Сино гирифт» (Бозор Собир, феъли замони гузаштаи иҷрогардида – past perfect tens) гуфта, мотам гирифтан, асос ва аз ҳама бад, фоида надорад. Ҳадди ақал,«Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм, Пайрави Айниву Турсунзодаем»− (Лоиқ Шералӣ) эълон карданро на танҳо дар сухан, ҳамчун шиор, балки дар амал, дар таҷриба тасдиқ кунем дар ҳоли ҳозир басанда аст.

Аз тарафи дигар, «гирифтан» ҳамчун масдар (infinitive)ҳолат, ҷараён (шакли номуайяни вазъ, ҳаракат)-ро ифода мекунад. Хосияти диалектикии муборизаҳост. Кӯшиши абадӣ ва беохири субстансия, ҷаҳони ҳастӣ мебошад. Аз хоҳиши мо вобастагӣ надорад. Ва баръакс, ҳимоя кардани боигариҳои моддӣ ва маънавӣ, дар маҷмӯъ, истиқлолияти давлатӣ, мансуб ба мо ва вазифаи муқаддаси мост. Нишонгари қудрат, тавоноӣ, иродаи миллат, аҳли ҷомеа, яъне ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Бадхоҳ интизори хастагӣ, дудилагӣ ва оқибат нотавониҳост. Вагарна «донишгадо»-ҳо, «хонагадо»-ҳо абадан ҳамсафари таърихии миллатҳоанд.

Ба ҳамин хотир, садои марғуладори ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат: «Дӯст бошед! Тифоқ бошед! Ватани худ − Тоҷикистони азизро дӯст доред!» на танҳо барои ин насл, балки ҳазор соли дигар барои ҳама касоне, ки қобилияти шунидан доранд, ҳамчун мантиқи бузург – маҳсули таҷрибаи таърихи фоҷиабори миллат равона гардидааст. Ин нидо бояд бо сифати абадият, садсолаҳо бо ҳамин овози ҷавонмардонаи даъваткунанда, ҳар шому саҳар дар ҳар хонадон, дар ҳар макону хиёбон садо бидиҳад.

Ба мавзӯи асл баргашта, таъкид карданӣ ҳастем, ки  олимони тоҷик аз ҷумлаи асосгузорони илмҳои дақиқ на танҳо дар минтақа, балки дар дунё эътироф гардидаанд. Бо ташаббус, ҳидоят ва ҳимояи Раҳбари давлат ин анъанаро эҳё бояд кард.

Маълум аст, ки дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳон сиёсатҳо дар асоси такя ва истифода аз дараҷаи тавоноии илмҳое, ки рушди иқтисодӣ ва қудрати мудофиавии давлат аз онҳо вобастагии куллӣ дорад, амалӣ мешаванд. Гарчанде фанҳои табиатшиносӣ дар алоқамандии ногусастанӣ бо илмҳои дақиқ бошанд ҳам, бо вуҷуди ин И. Кант таъкид кардааст: «Дар ҳар илми табиатшиносӣ то ҳамон дараҷа ҳақиқат аст, чӣ қадаре ки дар он математика бошад».

Г. В. Ф. Гегел дараҷаи тараққиёти инсонро дар тавоноии фосилагирии вай аз табиат медонад: «Одам ба сифати мавҷуди ягона вазифадор аст бар он шароите, ки табиат дар пеши ӯ мегузорад, мубориза барад. Қарзи маънавии инсон – тавассути ҷаҳду ҷадал, фаъолият ва ақлу фаросат ба даст овардани мустақилият мебошад. Барои он ки одам мувофиқи табиати худ аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад; вай бояд мавҷудияти худро тавассути рӯҳ ва қобилияти соҳибҳуқуқии хеш ҳифз кунад. Ҳамин тариқ, аз вобастагӣ ба табиат озод шавад»(Г. В. Ф. Гегель. Философия релиигии в двух томах. Т.1. –М.: Мысль, 1975. − С.403). Андешаи худро файласуфи бузург бо чунин хулоса ҷамъбаст мекунад: «нексириштии (Rechtschaffenheit) инсон маҳз дар ҳамин ифода меёбад»(Ҳамон ҷо. –С.403).

Тарзе мебинем, олими немис ин назарияи худро дар асари машҳураш «Фалсафаи дин» баён мекунад. Худи ӯ аз шахсони тақводори дини католикӣ ва албатта, худопараст буд. Аммо вақте сухан дар бораи дониш, ақлу хирад, хусусан, манфиати миллат меравад, ӯҳамчун олим, мутафаккир, зиёии солимфикри воқеӣ ва созандаи миллат мавқеи динро шадидан зери танқид мегирад. Аз манзалати эътиқодии худ берун меояд. Дар алоқамандӣ бо назарияи дар боло зикршуда, таъкид месозад: «Дар муқобилгузорӣ бо ин вазифаи дунявият, масъулияти динӣ талаб мекунад, ки одам  набояд ин тавр рафтор кунад ва худро бо чунин сарборӣ дар азоб монад. Ахиран, ҳама самти фаъолият, ҳама гуна шакли амал дар алоқамандӣ бо соҳибкорӣ, саноат ва ғ. рад карда мешаванд; лозим нест, ки одам дар назди худ чунин вазифаҳоро гузорад. Аммо зарурат дар ин маврид ҳамчун натиҷаи ақлу фаросат беҳтар аз  чунин ҷаҳонбинии динӣ аст» (Ҳамон ҷо.− С.404).

Ин аст намунаи рафтори олии зиёии миллӣ, ки хулосаи сифатии дар олам машҳури бузургтарин нобиғаи материалисти асри ХХ-ро оид ба «интеллигентсия»-и замони худаш дар давраи ҳассоси таърихии миллат (нома ба Максим Горкий, 15.09.1919) рад мекунад.

Гегел ҳамчун намояндаи миллати воқеан таърихӣ, соҳибхирад, бо собиқаи бемисли таҷрибаи давлатдорӣ, ки новобаста аз фоҷиаҳои бузург ҳам аз дохил ва ҳам аз берун, ягон қувва натавонистааст рӯҳи  созандагии онро шикаст диҳад, нақши давлатро дар ҷомеа, дар тамоми ҷабҳа, аз ҷумла, ҳангоми танзими муносибати дин ва ҷомеа муҳим мешуморад. Давлатро ягона муассисае медонад, ки бо тамоми восита ва абзори дарихтиёрдоштааш бояд тантанаи Ақл ва Хирадро дар ҷомеа таъмин созад. Таъйинот, вазифаи ҷонии давлатро дар ҳамин мебинад: «Олитарин маънавиёт дар чаҳорчӯбаи давлат дар он зуҳур меёбад, ки иродаи хиради ҳамагонӣ дар он тантана кунад»(Ҳамон ҷо. –С.404).

Такя ба илм, хирадсолорӣ ҷавҳари маънавиёт – адабиёт ва  фарҳанги миллати тоҷикро дар бар  мегирад. Дар ин бора, аз   ҷумла, шахсияти маъруф Академики академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ П.Н. Федосеев  менависад: «Идеяҳои илмӣ-назариявии Ибни Сино аҳамияти барҷаста доранд. Назарияи дарки олам дар эътиқодоти ӯ  дар он пояе меистад, ки худи инсон қудрати дарки онро дорад. Дар муқобили назарияи динӣ-фалсафие, ки дар мамлакатҳои мусулмонии давр ҳукмрон буданд ва эътиқод ба падидаи муъҷиза ва нотавонии мутлақи инсон дар донистани он, моҳиятан, мавқеи асосӣ дошт, Ибни Сино ҳамчун ҳимоятгари ашаддии хирад, зарурати оқилона андеша кардани тамоми зуҳурот ва ҷараёнҳо, ки дар назди тафаккури инсонӣ ошкор ҳастанд, баромад мекард» (Ибн Сина (Авиценна). Избранные философские произведения. – М.: Наука, 1980. – С. 4)

Эътимоди қавӣ он аст, ки маънӣ, муҳтаво ва ҳувияти аслии Паёми Пешвои миллатро ҳамин мантиқи бузург ташкил мекунад.

Роҳбарияти давлат, барҳақ, эҳсос намудааст, ки дар чанд соли ахир ба илмҳои табиатшиносӣ, ки бидуни онҳо рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа имкон надорад, таваҷҷуҳи баробарвазн ба ниёзҳои иҷтимоии имрӯза ва оянда зоҳир намешавад.

Воқеан, муддатҳои тӯлонӣ табиати мардуми тоҷикро, асосан, моил ба илмҳои гуманитарӣ тафсир кардаанд («Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд...»). Ҳатто олимони маъруф, ки ихтисоси решагӣ, аслии онҳо физика ва риёзӣ аст, самти таҳқиқоти худро баъдтар ба илмҳои гуманитарӣ иваз кардаанд. Дар ин соҳаҳо рисолаҳо ҳимоя намудаанд. Аз ихтисоси худ ба тарзи доимӣ фосила ҷустаанд. Ин падида табиӣ ва тибқи ниёзҳои иҷтимоӣ, ки асоси талаботи муайянкунии самтҳои тадқиқоти илмӣ аст, ба назар  намерасад. Зарур аст, ки ба ин ҳолат дар дараҷаи тасмимгириҳо хотима дода шавад. «Ҳар касеро баҳри коре сохтанд» (Ҷалолиддини Румӣ). «Шеърнависиро омӯхтан мумкин нест» (Л.Н. Толстой). Мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ гулчинанд. Онҳоро интихоб, эҳтиёт ва тарбия бояд кард.

Таъкиди махсус доир ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ дар Паём дарки амиқи ниёзҳои иҷтимоист. Истифодаи  ибораи зарурати  «тавсеаи  тафаккури  техникӣ» ва алоқамандии он бо фанҳои дақиқ, мисоли барҷастаи аҳамияти илмиву амалӣ доштани ин ҳуҷҷати тақдирсозро таъкид  кардааст. Зеро бе донистани математика, физика, химия, биология ҳосил кардани тасаввуроти ягона дар бораи ҳодисаҳои табиат ва муҳити зист имкон надорад. Эҳсосоти баробар ба воқеияти он дар шуури инсон пайдо намешавад. Маҳз тавассути рушди донишҳо дар соҳаи илмҳои техникӣ, имконоти тағйирёбии мусбат ва ба талаботи зиндагӣ мувофиқ гардонидани захираҳое, ки табиат бо сахтӣ, сангдилӣ ва бераҳмӣ дар худ нигоҳ медорад, шароит муҳайё мегардад.

Сиёсати давлатӣ дар ин хусус, чуноне аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, хосияти материалӣ дорад. Тараққиёти ҷомеа фақат бо василаҳое имконпазир аст, ки онҳоро худи одамон сохтаанд. Воситаҳои рӯҳӣ, равонӣ, эътиқодӣ, мутаассифона, дар ин кор судмандии худро тавре дар таҷрибаи зиндагӣ мебинем, исбот карда натавонистанд.

Ҳаёти ҷомеа, сарфи назар аз даъвоҳои хастагинопазири беохир ва мақсадноки муаллифон ва ҷонибдорони идеологияҳои шахшудамонда амалия, таҷрибаи судоварро эътироф мекунад.

Ҷомеае, ки аз воситаҳои баланд бардоштани самаранокии меҳнати зеҳнӣ, ақлонӣ канорагирӣ мекунад, дар доираи меҳнати тоқатфарсои ҷисмонӣ, ҳамчун натиҷа, дар «ақибмондагии ифтихорӣ» побанд мемонад. Рӯзмарра ва муҳиммияти чунин авзоъро ба инобат гирифта, Пешвои миллат дар Паём эълом медорад: «пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд»(Ҳамон ҷо. − С.24).

Субъектҳое, ки дар ин самт мутасаддӣ ҳастанд, ба таври мушаххас муваззаф гардиданд: «Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд» (Ҳамон ҷо. − С.24).

Ҷойи шубҳа нест, ки ҳангоми амалӣ кардани барномаи бистсолаи ба омӯзиши фанҳои дақиқ равонашуда нақши қишрҳои алоҳидаи ҷомеа – оғоз аз падару модар, боғча,  сохторҳои давлатӣ, васоити ахбори умум, ҳар яке дар доираи салоҳияти худ барои таъмини самараноки ин нақшаи ҳаётан муҳим муайян мегардад.

Рушди илмҳои дақиқ аз он ҷиҳат зарур аст, ки онҳо на танҳо ба инкишофи тафаккур, балки барои мушаххас кардани ҷаҳонбинии инсон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла, шинохти илмии воқеаҳои ҷамъиятӣ низ кумак мекунанд. Тағйир ва таҳрифи ченакҳои математикӣ, физикӣ, геометрӣ аз ирода ва хоҳишҳои одамизод, ки дар доираи манфиатҳои фардӣ, гурӯҳӣ, синфӣ, ҳизбӣ ва эътиқодии худ бисёр «доно» аст, ғайриимкон мебошад. Ба иродаи ҳазрати Одам вобастагӣ надорад. Донишмандони асили илмҳои дақиқ, мутахассисони ин самт аз дигар соҳибкасбон бо интизории мусбат – ҳадгузорӣ рӯйи амал фарқ мекунанд. Ихтисос ба характери инсон ҳаргиз бетаъсир намемонад. Бетараф нест. Ин гуна муносибат дуҷониба аст.

Яке аз сифатҳои бузурги Роҳбари давлат бо тавоноии хирадмандона, ки аз дониш, малака, худомӯзӣ, таҳлилҳои амиқ, таҷрибаи зиндагӣ, хулосабарории баробар бо воқеияти зиндагӣ сарчашма мегирад, бо тамоми тафсилот ва ниҳоят боварибахш нишон додани роҳ, усул, метод, вақт, замон ва макони иҷрои вазифаҳост.

Собиқаи асосгузории давлате сароғоз аз ҳеҷ, зина ба зина эъмори давлатдории сирф миллӣ ва то ба ҳадди рушди бемайлон расонидани он имкон додааст, ки Сарвари мамлакат чунин санъати роҳбариро дар тамоми соҳаҳои барои кишвар ҳаётан муҳим ҷорӣ ва ба масъулону оммаи мардум бо шеваи фаҳмо тафсиру пешниҳод намояд.

Рӯ ба омӯзиши илмҳои дақиқ намудан ва аз он натиҷаи судманд бардоштан дар Паёми Пешвои миллат ба чунин шакл ифода гаштааст: 

«Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд» (Ҳамон ҷо. − С.24).

ОИД БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар се даҳсолаи охир нисбат ба забони модарӣ боарзиштарин тавсифҳо, ҳамду сано,  ифтихормандиҳо, даъватҳои ихлосмандонаи сидқан омӯхтан, аз худ кардан ва дар тамоми самтҳои  давлатдорӣ истифода бурдани он иброз гаштанд, ки дар тӯли ҳазор соли ахир собиқа надошт. Ва дошта ҳам наметавонист.

Ин иқдомот аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, идеявӣ ва ахиран, байналмилалӣ доранд.

Аввалин бор, яке аз қудратмандтарин забонҳои дунё – забони тоҷикӣ, ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ва дастоварди бузурги маънавиёти ҷаҳонӣ бо садои ҷавонмардона аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми олам садо дод.

Ин саҳифаи нави таърихи рушду тантанаи забони тоҷикӣ хизмати бемисл ва ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

 Манзалати забони тоҷикӣ дар сиёсати Сарвари давлат мавқеи муайянкунандагӣ дорад. Он ҳамчун ҳувияти миллӣ, омили аслии расидан ба истиқлолияти давлатӣ, пояи асосии хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ эълон гаштааст: «Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ−Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон(– Душанбе: ҶДММ «Контракт», 2017. − С. 114).

Забони модарӣ дар таълимоти Роҳбари давлат ҳамчун «рамзи истиқлолияти давлатӣ», «муҳимтарин унсури таҷассумкунандаи ҳастии миллат», «симо ва пайкараи миллат», «ёдгори маънавии миллӣ», «забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ», «тимсоли ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии сокинони Тоҷикистон» ва волотарин истилоҳот ба монанди инҳо тафсир карда шудааст. Аз ҳамин  ҷиҳат, гаштаву баргашта таъкид намудааст: «Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Бино бар ин, саъю талош барои  эҳёи рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад» (Ҳамон ҷо. – С.116).

Дар Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ чунин арҷгузорӣ, муносибат ва талабот бо тарзи мушаххас ифода гаштааст: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем» (Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»: − Душанбе: Шарқи озод, 2019. − С.25).

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба мақсади маърифатнок гардидан, тавассути забонҳои хориҷӣ дастрасӣ пайдо кардан ба илм, дастовардҳои техникӣ  ва мадании мардумони олам таъкид месозад: «ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем» (Ҳамон ҷо. − С.25).

ХОНДАНИ КИТОБ

Аз бузургтарин андешаҳое, ки дар адабиёти илмиву бадеии миллати тоҷик садо медиҳад, «рӯй бар ганҷи фарҳанг» ниҳодан – мутолиаи китоб аст.

Афкори маорифпарваронаи Пешвои миллат, арҷ гузоштан ба илм, маърифат, омӯхтани касбу ҳунар, заҳмати аҳли зиё,таъкиди ҳамаҷониба ва пайвастаи ӯ доир ба тарғиби донишандӯзию касбомӯзӣ ниёз ба таҳқиқи алоҳида дорад. Дар фаъолияти Роҳбари давлат ин масъала ҳам ҷанбаи назариявӣ ва ҳам амаливу сиёсиро дар бар мегирад.

Суханҳои Пешвои миллат давоми мантиқии ифодаҳои бузургони гузаштаи мо ҳастанд, ки дар қатори нобиғаҳои башарият шинохта шудаанд, мисли «Дониш андар дил чароғи равшан аст», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ», «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад» (Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ), «Тавоно бувад, ҳаркӣ доно бувад» (Абулқосими Фирдавсӣ), «Илму ҳикматро талаб кун, то тараб ёбӣ ҳаме», «Шифои дарди дилҳо гашт ирфон», «То илм наёмӯзӣ, некӣ натавон кард» (Носири Хусрав), «Маликулмулуки фазлам ба фазилати маонӣ», «Ба лисони (забони − С.Я.)Миср хоҳӣ, ба лисони ман назар кун», «Дониш талабу бузургӣ омӯз» (Низомии Ганҷавӣ) ва монанди инҳо.

Ҷавҳари маънии ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи омӯхтани илм – донистани ҳақиқати зиндагӣ, фаҳмидани омилҳои аслии пайдоиш ва рушди зуҳуроти табиат,ҷамъият ва тафаккур, ба хулосаи баробарвазн ба воқеият расидан, осон кардан ва рушди ҳаёти ҷомеа аст. Ба тарзи дигар, фақат дониш аст, ки метавонад ҳамзамон бо дарки ҳақиқат роҳкушои мушкилот ва воситаи барканор кардани сабабҳое бошад, ки дар ҳаёти ҷомеа монеа ба вуҷуд меоранд.

Асоси таҳаввулоти ақлии инсон ва ҷомеаро хондани китоб ва истифодаи мантиқи бузурги он ташкил мекунад. Зеро «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад» (Ҳамон ҷо. − С. 26), таъкид карда мешавад дар Паёми Пешвои миллат.

Чӣ тавре ки мебинем, барои миллати мо тавсифи дониш ҳадду канор надорад. Дар байни мардуми Ғарб, дар баробари дигар ифодаҳои ибратбахш зарбулмасали «Learning is the eye of the mind» («Дониш чашми ақл  аст») аз маъмултаринҳо мебошад. Ё ин ки «Wit without learning is a like a tree without fruit» (Ҳаёт бидуни илму маърифат дарахти беҳосилро мемонад).

Яке аз машҳуртарин нашрияҳои Британияи Кабир фарҳангеро таҳти унвони«The Penguin dictionary of Proverbs» (1999) ба табъ расонидааст, ки зиёда аз 6000 панду насиҳатро фаро мегирад. Қисмати далелҳо дар мавриди дониш аз «Doubt is the key of knowledge» («Шубҳа донишро тавлид мекунад») оғоз мешавад. Ва онро  марбут ба мардумони мо донистааст. Ин сухан ба тафсир ниёз надорад. Лекин  ба ҳар ҳол, он муқобили кӯр-кӯрона муносибат кардан ба ҳар рӯйдод, ақида, идея, мавқеъгириҳо, аз ҷумла, тафаккури ифротӣ ва хурофотист. Бешубҳа,ҷавҳари илмро донистани решаҳои материалии сабаб ва саволҳои «Барои чӣ? Чаро?» ташкил мекунанд. Китоб ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби мушаххас дорад.

Пешвои миллат дар Паём ба масъалаи китоб хондан, дониш андӯхтан таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Бо истифода аз имконот ва салоҳияти ҳокимияти давлатӣ супоришҳои қатъӣ медиҳад: «ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд» (Ҳамон ҷо. − С. 26-27).

Қудрат ва тавоноии фикри инсон баробар ба андозаи китоб хондани ӯст. Яке аз бузургтарин файласуфон ва драманависони олам Дени Дидро (1713-1784) таъкид кардааст: «Фикр кардани инсон қатъ мегардад, агар ӯ китобхониро қатъ кунад».

АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Тамоми таълимоти Пешвои муаззами миллат ва моҳияти воқеии онро принсипҳои  ба вазъи имрӯзаи халқи тоҷик фақат аз нигоҳи таърихӣ ва дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои таърихӣ баҳо додан, дар муносибат бо таҷрибаи таърихие, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, дар бар мегирад. Ин мантиқи комилан илмӣ аз лаҳзаҳои аввале, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзалати роҳбари давлат интихоб гардид, ҳам аз ҷиҳати илмиву назариявӣ ва ҳам амаливу сиёсӣ, баръало ба чашм мерасад.

Чунин мавқеъгирии собитқадамона маҳсули андеша, хирад, донишҳои амиқи таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна, давраҳои нав ва навтарини миллати тоҷик, олами мутамаддин ва ҳамзамон бо ин, таҳлили таҷрибаи сиёсии Пешвои миллат мебошад. 

Тибқи таълимоти Роҳбари давлат дар замони ҳозира тамоми илмҳо неруи бузурги истеҳсолкунанда доранд. Дар ин маврид илмҳои ҷамъиятӣ истисно нестанд. Зеро тавассути илмҳои гуманитарӣ қонунмандиҳои тараққиёти ҷамъият ва тафаккур таҳқиқ ва барои пешгирӣ кардани равандҳои номатлуб дар ҷомеа сафарбар карда мешаванд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ инкишоф меёбад. Муносибати  мақсадноки  инсон ҳамчун субъекти фаъоли ҷомеа дар сохтан ва таҳкими давлати миллӣ ба таври созанда муайян мегардад.

Дар Паёми Пешвои миллат таъкид карда мешавад: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем» (Ҳамон ҷо. − С.27).

Дар ҳуҷҷати мазкур, ки маҳсули тафаккури хирадмандонаи Роҳбари давлати тоҷикон аст, мантиқи ҷаҳонишавӣ, рушди технологияи иттилоотӣ, воридшавии  унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва оқибатҳои фалокатбори он барои ҷомеаи Тоҷикистон хотиррасон мегардад.

Вобаста ба ин, ҳар як узви ҷомеа бояд донад ва ба насли ҷавон фаҳмонад, ки Тоҷикистон як бор фоҷиаи мудҳиши Сурия, Ироқ, Тунис, Яман, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ливия,  Афғонистонро бо чашми худ дид. Аз сар гузаронид. Оқибатҳои ин ҷанги хонумонсӯз, ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам маънавӣ,то ҳол пурра бартараф нагардидаанд. Даҳсолаҳо лозиманд, то кишвар ин хатои бузурги таърихиро, ки решаи он дар дохили мамлакат, дар аъмоли зиддимиллии намояндагони дастнигару бегонапарасти ҳамин миллат буданд, бартараф созад. Ва ин дарахти сершоху барги анчар, ки мустақиман аз хориҷи кишвар обу ғизо мегирифт, парвариш меёфт, имрӯз ҳам пурра хушк нашудааст ва акси садои хастаи онон мисле, ки аз боғ овози нофорами зоғ садо медиҳад,  ҳоло ҳам гоҳ-гоҳе ба гӯш мерасад. Террористони онон ду-ду, чор-чор, ҳар замон нобуд ё дастгир мешаванд.

Як ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки ҳеҷ як қувваи беруна, агар дар дохили миллат хоиноне пайдо насозад, бо онҳо аз рӯйи ғараз пулу мол надиҳад, кумаку ҳамкорӣ накунад, давлатро ноором ва мардумро бесаранҷом карда наметавонад.

Давлат, миллат мебояд аз лиҳози маънавӣ, дониш, маърифат, худшиносӣ то ба он дараҷае як дил, яктан, якмаром бошад, ки тақдири таърихии ӯ ҳаргиз аз омилҳои берунӣ вобастагӣ надошта бошад. Барои давлати миллӣ таҳдидҳо доимӣ, абадӣ ва беохиранд. Дар шакли ҳар гуна қувва, хатар, намуд, мафкура, шиор, ваъда пайдо мешаванд.

Қудрати халқ дар сифат, сохтор, мундариҷаи шуурнокӣ ва ҷаҳонбинии ӯст. Ниҳоят зарур аст, ки миллат дар ҳар як шикаст гуноҳи худро эътироф кунад. То дар замони осудагӣ ва шукуфоӣ, ки хушбахтона, хоси вазъи имрӯзаи Ватани мост, дар ғафлат намонад. Аз он рӯзҳои фоҷиавӣ андеша кунад. Собитқадамона хатоҳоро ислоҳ намояд. Ба давлат нигоҳ накунад. Зеро давлат худи миллат, худи мардум – аз хурд то бузург аст.

Шахсияти бузурги таърихӣ, ки ин миллатро аз бадбахтиҳои даҳшатнок раҳонид ва ҳар рӯзу соати ҳаёташ ҷоннисорона барои хушбахтии ҳамин миллат сарф гардид, ба чашми ҳар як нафаре, ки худро марбут ба ҳамин миллат, ба ҳамин сарзамин медонад, рост нигоҳ карда, муроҷиат мекунад: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем» (Ҳамон ҷо. − С.28).

Ҷавҳари хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар илм, маърифат, огоҳ будан ва тавре Пешвои миллат борҳо таъкид кардааст, донистанҳост. «Ҳама гуна муайянӣ, айниятҳо дар муайян будан ва айниятҳои дигар муайян мегардад» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Часть третья. Философия духа. − М.: Мысль, 1956. − С.33). 

Роҳбари давлат барои он ки фарзандони миллат роҳу равиши зиндагии хешро ёбанд, нақши худро дар ҳаёт аниқ созанд, борҳо бузургворона ҳидоят мекунад: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем» (Ҳамон ҷо. − С. 28).

  Ду даҳсола қабл, замоне ки нооромӣ ва бесуботӣ ҳанӯз дар мамлакат вуҷуд дошт, маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба нашри навбатӣ омода мешуд, шахсан худи ӯ ба ин асар таҳти унвони «Сарчашмаи худшиносии миллӣ» сарсухан навишт. Он аз чоруним саҳифа иборат аст. Аммо қимати як асари бузургҳаҷмро дорад. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур шуда, ба вартаи гумномӣ қадам мениҳад...ин бадбахтии бузург аст...» (Эмомалӣ Раҳмонов. «Сарчашмаи худшиносии миллӣ».Сарсухан ба китоби Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. − Душанбе: Ирфон, 1998. − С.1).

Дар рӯзгори таърихие, ки баъд аз нашри китоб гузашт, Пешвои муаззами миллат даҳҳо, садҳо маротиба дар нишасту анҷуманҳои муътабар, сатҳи баландтарин ва суҳбатҳо бо миллати миннатпазири хеш, аз бузургвории қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони сарсупурдаи ин миллат боифтихор мисолҳо меоварад. Аз корнамоиҳои онон бо эҳсоси баланди ватанхоҳона, ҳамчун намунаи асили рафтори фидокорона ба хотири тоҷикон ва ин сарзамин ёдовар мешавад. Тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайравӣ аз кору пайкори онон даъват менамояд.

Аммо мардум медид ва мебинад, ки худи Қаҳрамони миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаву ҳар рӯз даҳҳо ва садҳо чунин қаҳрамониҳо кардааст ва мекунад.

Дар вобастагӣ бо китоби «Тоҷикон» дар Паём, махсусан, таъкид мегардад:«Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард» (Ҳамон ҷо. − С.28).

Пешвои миллат бори дигар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун сарчашмаи муътамад ва гаронбаҳои бедории ҳисси миллӣ муаррифӣ карда,тасмими дурандешонаи худро ба мардуми Тоҷикистон эълом медорад: «Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд» (Ҳамон ҷо. − С. 28).

Ҳамин тариқ, масъалаи арҷгузорӣ ба таърихи миллат, бо мавзӯи донистани моҳияти масъала, яъне асли халқи худ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Ҳар шахс барои он ки ба ҳақиқати зиндагӣ наздик шавад, онро дарк кунад,бояд собиқаи миллати худро омӯзад ва донад.

Ин талабот ба ҳама, махсусан, барои ононе, ки дар пеши эътиқод, забон, фарҳанг, урфу одат, анъана, ҷаҳонбинии бегонагон сари таъзим фурӯ меоранд ва дар ҳамин асос омода ҳастанд, ки на танҳо ҳаммиллатони одӣ, балки мисли Абдулатиф падари худ – олими бузурги машриқзамин, амири Самарқанд Мирзо Улуғбекро бо хунсардии ваҳшиёна ба қатл расонанд, дахл дорад. Ҳар касе, ки аз таърихи шашҳазорсолаи миллати хеш воқиф мегардад, ин собиқаро бо фарҳанги бегонагон дар муқоиса гузошта метавонад, дунёро бо чашми хирад менигарад, аз ҷоҳилияти ватансӯзона канор меравад. Барои чунин донистанҳо маъхазҳои илмӣ, далелҳои муътамад, ҳақиқати санҷидашуда зарур аст. Пешвои муаззами миллат ба сифати чунин сарчашма асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро эълон кардааст.

Ин китоб муддати ним  аср аст, ки ҳамчун натиҷаи таҳқиқоти далелҳои раднопазири таърихӣ, тавассути методҳои ҳақиқие, ки чунин хулосаҳоро ба бор овардааст, мавриди эътимод, эътироф ва эътиқоди машҳуртарин марказҳои илмии олам эълон гаштааст.

ХУЛОСА

Паёми Пешвои миллат – беҳтарин, мукаммалтарин роҳнамои таҳлилӣ, арзёбии воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ аз лиҳози ҷиддияти назарияи илмӣ ва чӣ аз нигоҳи арзишмандии таҷрибаи сиёсӣ мебошад.

Бешубҳа, мақсадҳои иҷтимоие, ки тавассути воситаҳои сиёсӣ халлу фасли худро меёбанд, ба гурӯҳи манфиатҳои сиёсӣ дохил мешаванд. Паём сар то по барномаи мукаммали фаъолияти давлат ба хотири шукуфоӣ ва рушди миллат аст.

Ин ҳуҷҷати муҳим натанҳо вазъи имрӯзаро бо тамоми паҳлуҳояш баррасӣ ва тафсир мекунад, сабаб, омилҳои шаклгирӣ ва натиҷаи онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, балки раванди ҳодисаҳоро дар шароити мушаххаси таърихӣарзёбӣ карда, нақшаҳои муассири рушди умумимиллиро барои ояндаи наздик муайян месозад.

Инкишофи илму маориф, истифодаи самараноки имконот ва захираҳои маънавии шаҳрвандон аз масъалаҳои марказии Паёми Пешвои миллат маҳсуб мегарданд.Он оммаи мардумро барои омӯхтани илм ва маърифатнокӣ даъват мекунад. Тақдири миллатро аз   дараҷаи донишомӯзии ӯ вобаста медонад. Дар баробари аз худ кардани фанҳои гуманитарӣ, таваҷҷуҳи ҷавононро барои ҳарчи амиқтар аз бар намудани илмҳои бунёдии табиатшиносӣ ҷалб менамояд.

Аз мундариҷаи Паём зарурати иродаи қавӣ барои илмомӯзӣ ҳувайдост. Бамақсадрасӣ – маънои ғолиб омадани рӯҳи инсонӣ бар ҷисм аст. Моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим бо суханҳои Г.В.Ф. Гегел мувофиқ меояд: «Инсон наметавонад табиатро зери даст бигирад, агар худро ба даст гирифта натавонад». Илм омӯхтан, маънои заҳмат кашидан ва ҳаққи худро аз  имконоти табиат ситонидан аст.

Таъкид карда мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  рушди илму маориф нақшаҳои мукаммалро роҳандозӣ намудааст. Тараққиёти иқтисодӣ, ҳамчун натиҷаи он, беҳтар гаштани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар дар кулли самтҳо бо далел ва рақамҳои мушаххас,ба таври эътимоднок нишон дода шудааст.

Аз мантиқи Паём бармеояд, ки дар ин ҳолат, ба таври мутаносиб мувофиқ омадани ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз ниёзҳои зарурии ҷомеаи имрӯза маҳсуб мегарданд.

Мавзӯи марказӣ ва муҳтавои тамоми суханрониҳои Пешвои миллат – пойдорӣ ва тараққиёти устувори иқтисодӣ,  рӯз ба рӯз беҳтар кардани шароити иҷтимоии мардум, мутаносибан, дарки ҳифзи истиқлолияти миллӣ мебошад. Дар амалӣ кардани ин мақсадҳои наҷиб ширкати фаъолонаи тамоми мардуми Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ амри зарурӣ дониста мешавад.

 

С. Ятимов

доктори илмҳои сиёсӣ,

узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Бознашр аз «Ҷумҳурият», №21-22 (23 877), 29-уми

январи соли 2020)


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш