Нашрияи Омӯзгор

Як нуктаи муҳим

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, ки 5 феврали соли 2020 содир гардид, дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамовозии бавусъат ба вуҷуд овард.

Ин бесабаб нест. Баргузории ин озмун дар соли 2019 собит сохт, ки ташкили чунин озмунҳои ҷиддӣ ва ҳавасмандсоз табъу завқи мардум, махсусан, наврасон ва ҷавононро ба омӯзиш ва азхудкунии адабиёти пурғановати халқи тоҷик ва мероси арзишманди адабиёти ҷаҳон хеле баланд мебарад ва ба мактаби парвариши истеъдодҳои тоза табдил меёбад. Ин озмун натанҳо таваҷҷуҳи омӯзгорон, балки падару модаронро низ ба тарбияти фарзандон тақвият бахшид. Умедворем, ки озмун дар соли ҷорӣ низ бошукӯҳу муташаккилона баргузор мегардад.

Ҳамзамон бо ин, мехостем таваҷҷуҳи масъулон, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёнро ба як нукта ҷалб намоем: оё ғолибони даври ниҳоии озмуни соли 2019 низ ҳуқуқи иштирокро дар озмуни навбатӣ дошта метавонанд?

Ҳамон тавре ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) бармеояд, чунин озмунҳо дар оянда ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол баргузор хоҳанд шуд. Маҳз ба ҳамин хотир масъалаи иштироки такрории ғолибони озмун мавқеи хосса пайдо мекунад.

Ба андешаи мо, беҳтар аст, ки ғолибони даври ниҳоии озмун, аз ҷумла. ғолиби “Шоҳҷоиза” дар тӯли се соли дигар имкони иштирок дар озмуни навбатиро надошта бошанд. Ин барои боз ҳам баланд бардоштани сифати ташкили озмун ва ҷалби бештари иштирокчиён ба озмун мусоидат мекунад.

Агар ин амал имконнопазир бошад (яъне ғолибони даври ниҳоӣ низ иҷозати иштироки такрориро дошта бошанд), бояд ба онҳо талаботи нав пешниҳод гардад. Аз ҷумла, онҳо ба шарте метавонанд иштирок кунанд, ки номинатсияи худро тағйир диҳанд ё асарҳои дар озмуни гузашта пешниҳодкардаи онҳо ба назар гирифта нашаванд.

Умедворем, ки ниҳодҳои дахлдор ва масъулони озмун оид ба ин масъала андешаҳои худро иброз медоранд, то ки ба як хулосаи умумӣ ва қобили қабули ҳамагон бирасем.

 

Азим БАЙЗОЕВ,

устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш