Нашрияи Омӯзгор

Соли барору комёбиҳо

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи раёсати маорифи вилояти Суғд нишасти матбуотии сардори раёсат Осим Каримзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар он оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2019 ва нақшаҳои минбаъдаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан рафт.

Дар нишаст мудирони мудирони шуъбаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини кори таълиму тарбия ширкат варзиданд.

Сардори раёсати маорифи вилоят ҳозиринро бо натиҷаҳои фаъолияти Раёсати маориф ва муассисаҳои таълимии вилоят дар соли 2019 муфассал ошно сохт.

Зикр шуд, ки фаъолияти омӯзгорони маълумоти миёнадошта ва омӯзгорони ғайрисоҳавӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят бартараф карда шуд. Арзандатарин дастовард ғолибияти Дилафрӯз Каримова – омӯзгори забони англисии литсейи физикӣ – математикии ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2019» ва Розия Нурматова - мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2019” мебошад, ки ҳар ду ҷойи аввалро мушарраф гардиданд.

Ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ ва таъмиру тармими 46 муассисаи таълимии садамавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Нуъмон  РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш