Нашрияи Омӯзгор

Кӯдаконро беназорат намонем

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Масъалаи омодагии кӯдак ба мактаб имрӯзҳо, пеш аз ҳама, ҳамчун мавзӯи психологӣ муҳокима мегардад. Диққати асосӣ бояд ба дараҷаи инкишоф ва ихтиёрӣ будани равандҳои психологии кӯдак равона гардад.

Муайян шудааст, ки танҳо омодагии зеҳнии кӯдак ба мактаб бомуваффақият ворид гаштани ӯро таъмин мегардонад. Бо вуҷуди ин, диққати асосӣ дар амалияи кор бо кӯдакони синни калони томактабӣ маҳз ба омӯзиш равона карда мешавад. Дар хонандагони навомӯз сифатҳои донишазхудкунӣ худ ба худ ташаккул намеёбанд. Ҳатто баъзан кӯдакони аз ҷиҳати зеҳнӣ ба мактаб хуб омодагашта бад менависанд, қоидаҳои дафтардорӣ ва кор бо маводи дидактикиро иҷро намекунанд ва як қатор душвориҳои дигари таълимӣ доранд.

             Давраи томактабии кӯдак яке аз давраҳои муҳимтарин дар ҳаёти ӯ  маҳсуб меёбад. Калонсолон – волидон, мураббиҳо, шахсонеанд, ки бояд ба кӯдак ҳамеша дар фаъолиятҳояш ҳамроҳӣ кунанд. Ҳамкории оқилонаи калонсолон дар раванди тарбияи кӯдак барои ба ҳадди ақал дар амал татбиқ гаштани имкониятҳои ӯ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки дар раванди инкишофи равонӣ душвориҳо  бомуваффақият  бартараф  шаванд. Омодасозӣ ба мактаб ҳангоми кор бо кӯдакони 6 – 7 – сола амали хезе ҷиддиву масъулиятбор аст. 

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакони дар боғча тарбиягирифта нисбат ба кӯдаконе, ки бевосита аз оила меоянд, бештар барои таълим дар мактаб омодаанд. Ташкил  кардани марказҳои рушди кӯдак низ барои омода намудани кӯдакон ба мактаб нақши муассир мебозад.

Мусаллаҳ намудани мураббиён, омӯзгорон ва волидон бо донишҳои педагогӣ- психологӣ оид ба  омода  намудани  кӯдакон ба мактаб, роҳҳои муайян намудани дараҷаи омодагии онҳо ба  мактаб барои ҳалли бисёр душвориҳо  мусоидат хоҳад кард.

Мафтуна БУТАЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш