Нашрияи Омӯзгор

Гули сари сабади ҷомеа

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Муаллим афрӯзандаи машъали илму ирфон ва бунёдгузори кохи маърифат буда, ба шогирдон дарси зиндагӣ, хештаншиносиву ватандӯстӣ меомӯзад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки шогирдонаш дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намуда, баҳри беҳбудию пешрафти Ватани хеш хизмати арзанда намоянд.

Муаллим бояд бо рафтору гуфтори хеш намунаи ибрати шогирдон бошад. Ранҷу меҳнати бепоёни омӯзгор дар обрӯву нуфузи ӯ, эҳтирому эътиқоди ҷомеа ва дар шогирдони таълимгирифтаву  тарбиятдидааш зуҳур меёбад. Омӯзгор бояд дар дилу дидаи хонанда ҷо гардад.

Шахсияти муаллим ва рафтори ӯ ба шогирдон бетаъсир намемонад. Нутқи омӯзгор нишондиҳандаи фарҳангу ҷаҳонбинии ӯст. Вай бояд нутқи фасеҳ дошта бошад. Шогирдон низ  кӯшиш мекунанд, ки пайрави устодони худ бошанд. Муаллим бояд сахтгир бошад, аммо дар баробари ин, роҳу усулҳои тарбияро дуруст ба роҳ  монад. Набояд фаромӯш кард, ки фарзандони барӯманди миллат бо шарофати заҳмату талошҳои ҷоннисоронаи омӯзгор   ба воя расида, дар баландтарин қуллаи илми ҷаҳонӣ ҷой гирифтаанд.

Омӯзгори хуб шогирдони шоистаи давру замонро ба воя мерасонад. Устодон аз комёбиҳои шогирдон ифтихор намуда, ба эшон аҳсан мехонанд. Ифтихорманд аз  касби  пуршарафи худ ба таълимгоҳ, ба махзани илму дониш рафта, ба шогирдон сабақ меомӯзонанд ва розӣ аз касбу рӯзгори худанд. Ифтихори мо аз чунин омӯзгорон буда, ба эшон пеш аз ҳама саломатӣ, барори кор ва комёбиҳои беназирро орзумандем. Бигзор умри дароз, тани сиҳат ва хушрӯзию пирӯзӣ ҳамсафари доимияшон бошад. Ҳеҷ гоҳ хастагӣ ҳис накунанд ва гули сари сабади ҷомеа бошанд.

 

Нилуфар Каримова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш