Нашрияи Омӯзгор

Таълими «Ҳаракати механикӣ»

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Яке аз дастовардҳои соҳаи маорифи кишвар дар самти баланд бардоштани савияи дониши хонандагон гузаштан ба муносибати босалоҳият ба таълим мебошад.

Дар гузашта зимни таълими анъанавӣ омӯзгор аз доираи мавзӯъ берун намебаромад, яъне фақат атрофи мавзӯи дарс сухан мерафт, аммо ҳоло омӯзгор бештар озодӣ дорад ва  кӯшиш мекунад бо шогирдонаш корҳои амалиро фарогиртар анҷом бидиҳад. Ва  дар зимн вазифадор аст, ки аз маводи иловагӣ истифода бурда, ба инкишоф  додани салоҳияти хонандагон мусоидат  намояд.

Омӯзгори физика ҳангоми таълими мавзӯи мазкур аз саволу машқҳо ва ҳалли  масъалаҳо фаровон истифода карда, самаранокии дарсашро баланд мебардорад. Истифодаи мақсаднок аз  маводи дидактикӣ, аёниятҳо, схемаҳо, тасвиру бозиҳои  мантиқӣ шавқмандии хонандагонро ба омӯзиши физика бедор карда, дараҷаи салоҳиятнокии онҳоро рушд медиҳад. Махсусан, зимни таълими мавзӯи «Ҳаракати механикӣ» (синфи 7) татбиқи босамари муносибатҳои босалоҳият басо бамаврид аст.

Салоҳият: Хонандагон бояд донанд:

а) ҳаракати механикӣ чӣ гуна  ҳаракат  аст;

б) таърифи механика;

в) ҳаракатҳои  мунтазам ва номунтазамро аз ҳамдигар фарқ кардан;

г) мисолҳо аз рӯзгор ва техника оид ба ин ҳаракат оварда тавонистан;

Мақсади таълим: Омӯзонидани

1)шарҳи мафҳуми  ҳаракати механикӣ;

2)омӯзонидани татбиқи амалии ҳаракатҳои ростхаттаи мунтазам (траектория), роҳ, кӯчиш, суръат.

Методикаи таълим. Пешниҳоди машқҳо: (донишҳои назариявӣ)

Машқи 1

Дар вагони поезди мусофирбарӣ дар рӯи миз китобе истодааст. Китоб нисбат ба а) миз б) релсҳо в) фарши вагон, г)дарахтҳои лаб-лаби роҳ дар ҳаракат аст ё қарор?

Машқи 2

Мошине дар роҳ равон аст. Бигӯед, ки миёнаҷои чархи он нисбат ба роҳ (роҳи рост) чӣ гуна траектория хоҳад дошт.

Мустаҳкам намудани донишҳои хаттии хонандагон:

Масъалаи 1

Трамвай бо суръати 36 км/ст равон аст. Ин суръатро бар (м/с) ифода кунед.

Масъалаи 2.

Суръати миёнаи ҳаракати лижаронро ёбед, ки масофаи  20км-ро дар муддати 3 соат тай кардааст.

Мустаҳкамкуни дониши хонандагон аз рӯи расмҳо: (китоби В.И.Лукашик-с.7-8)

Иҷрои машқ барои хона:

а) Кор аз рӯи расмҳои 24 ва расми 25

б) Мисолҳо доир ба ҳаракати механикӣ аз  ҳаёти имрӯза.

Арзёбӣ:

Ҳамин тавр, омӯзгори физика мавзӯи мазкурро бо истифода аз масъалаҳои сифатӣ, масъалаҳои ҳалталаб ва саволу ҷавоб аз рӯи расмҳо пурмазмун ва дар сатҳи  баланд ташкил ва баргузор карда метавонад.

Истифодаи чунин фаъолиятҳо самараи дарсҳои физикаро баланд бардошта,  ба ташаккули салоҳияти хонандагон мусоидат мекунад.

Ёрасен Амадбеков,

Мирмамад Мирмамадов,

омӯзгорони физикаи мактаби №12-и ноҳияи Шуғнон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш