Нашрияи Омӯзгор

Ниҳолони навбар

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Тарбияи мақсадноку нишонрас асоси ташаккули одатҳои ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Тарбияи шоиста нахли маънавии одамиро ба бор меорад, меваҳои гуворои худогоҳӣ, худтарбияткунӣ, худомӯзӣ мебахшад ва дар ниҳоди инсон ҷавҳари масъулиятшиносӣ пайдо менамояд. Барои ба мақсад расидан саъю кӯшиши доимӣ, машқ ва меҳнати мураттаб зарур аст.

Кӯдак ҳар қадар зудтар бо донишандӯзӣ оғоз намояд, ҳамон қадар хуб аст. Пеш аз ҳама, муҳити зист ба кӯдак барои донишдӯст шудан нақши муҳим мебозад.

Мураббияи коромӯхта, таҷрибадор, ки дунёи кӯдакиро ҳарорат мебахшад, чунон бояд гуфтор, рафтору кирдор дошта бошад, ки тифл аз дунёи рангини тифлияш боре ҳам озурдаву хаста нашавад. Ин гуна мураббӣ бо кӯдакон самимона гуфтугӯ намуда, ба онҳо сабақҳои судманд медиҳад, кӯдаконро рӯҳбаланд мекунад, аз рафтори номақбул бозмедорад.

Мураббияҳои кӯдакистони мо дар ҳамкорӣ бо волидайн кӯшиш менамоянд, ки кори тарбияи оилавиро пурсамар ба роҳ монанд. Онҳо ба падару модарон барои тарбияи дурусти фарзанд тавсияҳо медиҳанд. Тарбияи дурусти кӯдаконро қарзи инсонии худ шуморидан бузургтарин фазилат аст.

Ҳар мураббӣ ва падару модар бояд дар дили кӯдакон орзуҳои наҷиб парварад. Ба роҳи тарбия кӯдаконро барои минбаъд инсони комил шудан омода бояд кард.

Кори тарбиявӣ камоли хирад ва мулоҳизакориро талаб мекунад. Равнақбахшӣ ба олами маънавии кӯдакон бо суханҳои ҳикматомӯз аз истеъдоду кӯшиши падару модарон ва мураббиён вобаста аст.

Ҳар як фарзанд дар оила бояд мувофиқи қобилияташ вазифаи муайян, ба мисли рӯбучини хона, шустани дегу табақ, баровардани партов, нигоҳубини хурдтараконро дошта бошад ва вазифаашро мустақилона, бо дарки масъулият иҷро намояд. Падару модар рафтори ӯро бояд назорат намоянд ва дар зарурат ба ӯ маслиҳатҳо диҳанд.

Волидон дар ҳамкорӣ бо мураббиҳо бояд дар ниҳоди хурдтаракон нисбат ба касбу ҳунарҳо эҳтиром бипарваранд.

Волидон бояд тарзи ҳаёти солимро хуб донанд ва риоя намоянд. Рушди кӯдакон ба низому тартиби оила вобастагии қавӣ дорад. Дар хурдсолӣ аз муҳити носолим дур будани кӯдакон басо муҳим мебошад.

Кӯдак ниҳоли кӯчакеро мемонад,ки вайро ҳар қадар нигоҳубини дуруст намоем, ҳамон қадар хуб ба воя мерасад.

 

Дилафрӯз ЭЛНАЗАРОВА,

мураббии кӯдакистони №132,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш