Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакро бояд дӯст донист

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Ба воя расонидани кӯдак ва ба тарбияи дуруст фаро гирифтани ӯ масъулияти бузургест, ки аз волидон ва ё парасторон заҳмат, сабру таҳаммул ва хирадмандиро металабад.

Мушкилоти кӯдаконро дарк намудану роҳҳои ҳалли онро пайдо кардан зарур аст. Агар кӯдак беист гиряд, мебояд вақт дод, ки каме ором шавад ва пасон дар мавриди мушкилоти ӯ пурсуҷӯ кардан муҳим аст.

Барои он ки кӯдак дарк созад, ки калонсолон аз ӯ чӣ мехоҳанд, бо ӯ чун бо калонсол гуфтугӯ мебояд кард – ин ҷо аз рӯи фаросат амал кардан ва сабру таҳаммул намудан зарур мебошад. Доду фарёдзанӣ ба сӯи кӯдак дар ниҳоди ӯ ғазаб ва ранҷишро ба вуҷуд меорад. Агар пайваста муносибати дурушт ва дағалона нисбати кӯдак зоҳир гардад, дар вуҷудаш тарсу ҳарос ҷой гирифта, дар ҷараёни азхудкунии таълим ақиб монда, ба худ фурӯ меравад. Агар фарзанд ба суханони волидайн гӯш надиҳад, пас метавон хулоса кард, ки бо ӯ натавонистаанд дӯст гарданд ва муҳимтар аз ҳама пеши назари ӯ шахси бонуфузу боэҳтиром гарданд.

Дар тарбияи кӯдак бо меъёри муайян ҷиддият зоҳир намудан муҳим аст, ки бе ин наметавон тарбияро дуруст ба роҳ монд. Агар вай рафтору кирдори хуб зоҳир менамояд, инро ба назар гирифта, бояд ҳатман амалҳои хуби ӯро таърифу тавсиф намуд.

Кӯдак хоҳони он аст, ки ҳиссиёт ва нуқтаи назарашро дарк намоянду маҷбураш насозанд, ки ӯ танҳо калонсолонро бояд гӯш кунад. Агар дар мавриди мушкилиҳо ва нокомиҳои худ бо кӯдак ҳарф задед, дар симои шумо ӯ на танҳо волидайн, балки дӯстеро хоҳад дид, ки ба ӯ метавон рози дил гуфт. Дунёро бо чашмони онҳо нигаред. Чунин муҳитеро фароҳам оред, ки дар лаҳзаҳои душвор кӯдак донад, ки дари шумо ҳамеша ба рӯи ӯ боз аст ва ӯ метавонад ба шумо роз гӯяд ва оғӯши гарматонро эҳсос намояд.

Волидайн бо рафтору кирдори хеш назди фарзандон бояд намуна бошанд ва агар волидайн одати баде дошта бошанд (аз қабили истифодаи машрубот ва тамоку) барои фарзанд чунин амалҳо муқаррарӣ намуда, минбаъд онҳо низ метавонанд аз онҳо истифода баранд.

Муродгул ОЙМАҲМАДОВА,

омӯзгори мактаби № 61,

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш