Нашрияи Омӯзгор

Вусъати бунёди мактабҳо

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода зимни нишастӣ матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма  иброз дошт, ки имрӯз масъалаи бунёду тачдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохилӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор қарор дорад. Моҳи сентябри соли равон муассисаҳои таълимии №43 барои 640 ҷойи нишаст ва №45 барои 620 ҷойи нишаст бо иштироки Пешвои муаззами милат ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии кӯчаи Абдушукурова барои 1240  ҷойи  нишаст,  муассисаи таълимии №30, муассисаи таълимии деҳаи Офтоблиқо барои 480 ҷойи нишаст, муассисаи таълимии деҳаи Сангпар барои 320 ҷойи нишаст  идома дорад. Айни замон бо тариқи ҳашар бунёди 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №36, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №21 ва 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №39 идома дошта, то ҷашни Наврӯзи Аҷам мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Боиси нигаронист, ки ҷиҳати татбиқи  «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва  «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020»  аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ягон хел маблағ барои  муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷудо нашудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш