Нашрияи Омӯзгор

25 компютер харидорӣ шуд

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

 

Дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки аз 887 нафар омӯзгоре, ки бо таълиму тарбияи хонандагон машғул ҳастанд 480 (54,2%) нафар, ба таҳсилоти олӣ, 273 (30,7%)нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ,бо таҳсилоти олии нопурра 61 (6,8%) нафар ва бо маълумоти миёнаи умумӣ 73(8,3%) нафар кору фаъолият менамоянд. Дар соли сипаригардида аз 1056 нафар хатмкунандаи синфи 11 дар ММТ 799 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 552 нафар ба муассисаҳои олии касбии кишвар шомил гардиданд, ки ин 69%-ро ташкил медиҳад. Мавсуф, ҳамчунин, дар бораи таъмини «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» иброз дошт, ки соли 2019 25 адад компютер ва 7 проектор харидорӣ шудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш