Нашрияи Омӯзгор

Сифати таълим беҳтар гардид

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Тавре ки зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирализода Абдусалом Мустафо  қайд намуд,  ки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ин давраи таҳсил ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд ва сифати таҳсилот беҳтар гардид. Дар 28 кафедраи донишгоҳ 588 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 87 нафар омӯзгори дараҷа ва унвони илмӣ дошта, 16 нафар доктори илм, 59 нафар номзади илм 19 нафар профессор, 29 нафар дотсент, 150 нафар муаллими калон, 27 нафар аспирант ба 10626 нафар донишҷӯ таълиму тарбия медиҳанд.

Дар соли сипаригардида 48 нафар донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. 87,6%-и омӯзгорон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб гардиданд. Дар ҳамин давра фаъолияти парки технологӣ ва базаи техникии он мустаҳкам гардида, бо ин мақсад ба маблағи 40 000 сомонӣ таҷҳизоти муосири техникӣ харидорӣ шудааст.  Аз шумораи умумии 10626 нафар донишҷӯи 400 нафар бо сабаби пардохт накардани маблағи шартнома ва 21 нафар донишҷӯ бо сабаби аз худ накардани барномаи таълимӣ аз донишгоҳ хориҷ гардиданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш