Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкории донишгоҳ бо 43 корхона

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлати Данғара ректори он Нуралӣ Шоҳиён вобаста ба дастовардҳои устодону донишҷӯён иттилоъ дода, афзуд, ки соли сипаригардида 660 нафар донишҷӯ донишгоҳро хатм намуда, тибқи ММТ аз рӯи 64 ихтисос 1571 нафар довталаб ба донишгоҳ дохил шуданд, ки 92%-и иҷрои нақшаи қабули донишҷӯёнро ташкил мекунад. Базаи илмии донишгоҳ сол то сол аз ҳисоби профессорону омӯзгорони соҳибкасб пурқувват гардида, дар соли таҳсили 2019-2020 сафи онҳо ба 260 нафар расид. Донишгоҳ дар раванди расидан ба ҳадафҳои рақобатпазирӣ бо зиёда аз 60 муассисаи олии касбӣ ва 28 муассисаи олии касбии бонуфузи хориҷи кишвар робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавон роҳбарияти донишгоҳ ба 43 корхона ва ташкилоту муассисаҳои минтақаи Кӯлоб шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расондааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

           


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш