Нашрияи Омӯзгор

Озмуни ихтироъкорон - «Бозёфт»

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Вахш озмуни вилоятии ихтироъкорону навоварони наврас таҳти унвони «Бозёфт» баргузор гардид. Дар ин озмун хонандагони ихтироъкори муассисаҳои таълимии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок намуда, маҳсули дастранҷ ва ҳунару маҳорати худро намоиш доданд.  Дар робита ба ин, директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бохтар Малика Муродова изҳор дошт, ки Ислом Ҷалилов, хонандаи синфи 8 – и муассисаи таълимии №2- и шаҳр ихтирооти худро пешкаш намуд ва боиси таҳсини ҳамагон гардид. И. Ҷалилов ихтироъи ҳавопаймоеро пешниҳод кард, ки дар пошидани дору ва осон гардонидани кори кишоварзон мусоидаткунанда мебошад. Ҳамзамон, ӯ роботи ихтироънамудаашро ба намоиш гузошт, ки дар ҷамъоварии партовҳо кумак мекунад. Ҳамзамон, гаҳвораи электронӣ, ки бо пайвастан ба барқ кор мекунад ва аробачаи маъюбӣ барои маъюбони бедаст сазовори баҳои баланди ҳакамони озмун гардид.

 

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш