- Дар донишгоҳи мо 567 нафар донишҷӯ тибқи квотаи Президентӣ таҳсил доранд, - гуфт Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар нишасти хабарӣ. Қайд гардид, ки имрӯз дар донишгоҳи мазкур 19 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳ ба хотири рушди кор ва беҳтар намудани фаъолият бо 35 муассисаи касбии олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад. Ин аст, ки имрӯз 200 нафар донишҷӯ аз хориҷи мамлакат дар ин ҷо таълим мегиранд.
С. Давлатзода изҳор дошт, ки барои таълими донишҷӯён синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои замонавӣ, китобхонаи электронӣ ва дигар ҷиҳози таълимӣ муҳайё мебошад. Дар донишгоҳ 42 нафар ятими кулл, 486 нафар донишҷӯи нимятим таҳсил доранд, ки маъмурияти донишгоҳ ба онҳо пайваста кумак менамояд. Сохтмони бинои асосии донишгоҳ иборат аз 11 ошёна ба нақша гирифта шудааст, ки дар он беҳтарин шароити таълиму фаъолият пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар ин бино синфхонаҳои азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ дар нақша аст, ки ин ба соҳибкасб ва ҳунарманд гардидани донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки ҳамасола донишҷӯёни фаъол пас аз хатм ҳамчун омӯзгори ҷавон ба кор ҷалб карда мешаванд. Ин аст, ки имрӯз шумораи зиёди омӯзгоронро ҷавонон ташкил медиҳанд.
С. АЗИЗӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр