Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти донишкада пурсамар аст

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 860        Шарҳ: 0

 

Чунонки ректори Донишкадаи исломии  Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит  Тоҷиддин Асомуддинзода дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, айни замон дар донишкада панҷ ихтисос аз рӯйи зинаи бакалавр амал намуда, ихтисосҳои мазкур ба кафедраҳои  факултаи филологияи Шарқ ва улуми исломӣ вобаста шудаанд.

Дар факултаи филологияи Шарқ деканат, кафедраҳои забонҳо, педагогика ва психология, забон ва адабиёти араб, таъриху диншиносӣ, илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ фаъолият менамоянд. Дар факултаи улуми  исломӣ  деканат, кафедраҳои  шариати  ислом, улуми Қуръон ва аҳодиси набавӣ, фалсафа ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ вобастаанд. 

Дар соли 2019 дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои тасилоти олии касбии  назди  ДМТ нуҳ нафар омӯзгор барои гузаштани курси такмили  ихтисос аз фанҳои фалсафа, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва забономӯзӣ сафарбар гардиданд. Дар баробари ин, омӯзгори донишкада – Мақсад Мирзозода  рисолаи номзадии  худро таҳти унвони «Пайдоиш ва ташаккули  романи таърихӣ дар адабиёти муосири тоҷик ва араб»  ҳимоя намуда, унвони номзади илми филологиро соҳиб гардид.

Бино ба иттилои ректор, ба қарибӣ  матбааи донишкада  китобҳои дарсии «Диншиносӣ», «Омӯзиши мантиқ», «Алифбои ниёгон», рӯзномаи «Моҳи таваллуди ман» (бо забони русӣ), «Технологияи инноватсионӣ: муносибат ба салоҳият дар таҳсилоти ибтидоӣ», дастури таълимии «Барномаи муқовимат бо савдои одамон» - ро нашр кард.  То имрӯз теъдоди адабиёти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва бадеӣ дар китобхона ба 11605 адад расонида шудааст. Ҳар сол бо пешниҳоди кафедраҳо китобҳои нав харидорӣ мешаванд. Дар баробари ин,  китобхона дорои 25 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошад.

Ректори донишкада,  ҳамчунин,  аз хусуси иштироки устодону шогирдон дар конфронсу  ҷаласаҳои ҷумҳурӣ, озмунҳои АИ ҶТ, вазъи сохтмони бинои нави донишкада (дар масоҳати 3 га барои 1500 нафар дар як баст) дар мавзеи Лучоб ва ғайра ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. 

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш