Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси факултаи  сайёҳӣ

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Ректори  Донишкадаи  сайёҳӣ,  соҳибкорӣ  ва хизмат  Асрорзода Убайдулло Саттор дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар бораи фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, инноватсионӣ ва равобити хориҷӣ, фаъолияти литсейи донишкада иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки бо қарори Шӯрои олимон ба муносибати эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» факултаи нав –  сайёҳӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади хубтар ба роҳ мондани раванди таълим ва ҷиҳати таъмини  сифати таҳсилот дар донишкада  соли гузашта  корҳои зиёде ба сомон расонда шуд. Аз ҷумла, теъдоди омӯзгорони соҳиби унвон ва дараҷаи  илмӣ ба 67 нафар расонда шуд. Дараҷаи азхудкунии донишҷӯён дар даври фаъоли сессияи имтиҳонотии тобистонаи соли таҳсили 2018 – 2019 дар донишкада ҳамагӣ 76, 9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1, 7 фоиз боло рафтааст.

- Мониторинги сифати таҳсилот дар курсҳои алоҳида пайваста аз фанҳои  тахассусӣ  гузаронида мешавад, - гуфт У. Асрорзода. – Аз ҷумла, тибқи натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот дар курси чоруми ҳамаи ихтисосҳои донишкада  сатҳи азхудкунӣ 81 фоизро ташкил дод. Маълум гардид, ки сифати таҳсилот нисбат ба натиҷаи донишҷӯёни курси чоруми соли таҳсили  гузашта  9 фоиз баланд шудааст. Барои чунин комёбӣ на танҳо пойгоҳи устувори моддӣ – техникӣ ба вуҷуд оварда шудааст, балки  маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, методӣ, кадрӣ амалӣ гардидааст, ки дар натиҷа сифати таълим то андозае боло рафтааст.

Ба рӯзноманигорон,  ҳамчунин,  оид ба масъалаҳои ташкилӣ – тарбиявӣ, робитаҳои хориҷӣ, бахши  иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявӣ маълумоти муфассал дода шуд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш