Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Дар нишасти  матбуотӣ  ректори  Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илми филологӣ  Муҳриддин  Низомӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин муассисаи таълимӣ дар соли 2019  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҳоло дар донишкада 95 нафар устоди дорои дараҷаҳои доктору номзади илм, ҳунарпешаҳои  шинохтаву  халқӣ кору фаъолият менамоянд.

Дар нишаст аз хусуси ҳамкориҳои донишкада бо  муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ сухан рафт. Ректор иттилоъ дод, ки донишкада то имрӯз бо 26 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба иҷро расондааст. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ байни ДДФСТ  ва  Донишгоҳи католикӣ дар шаҳри Рузомбероки Ҷумҳурии Словакия таҳия ва ба имзо расид. Ин гуна созишнома бо ДДФС-и шаҳри Перми ФР дар арафаи имзошавист. Таъкид гардид, ки дар муассиса  намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки  намояндагон аз ФР, ҷумҳуриҳои Қирғизистон,   Қазоқистон, Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар раванди ин чорабинӣ конфронси илмӣ – назариявӣ барпо гардид, ки олимону муҳаққиқони ҷумҳуриҳои  номбурда  масъалаҳои фарҳангии давлатҳои ИДМ – ро мавриди таҳқиқ қарор доданд.

- Дар риштаҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба дарёфти грантҳои хориҷӣ пешравиҳо ба назар мерасанд, - гуфт М. Низомӣ. –Тибқи супориши Вазорати маориф ва илм ва роҳбарияти донишкада бо мақсади мустаҳкам гардондани базаи моддӣ – техникӣ ва беҳтар намудани сифати таълим, вобаста ба гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар донишкада  мунтазам лоиҳаҳо таҳия ва пешниҳод мегарданд. Дар давраи ҳисоботӣ барои тақвият бахшидани самти бойгоншиносӣ ва рушди осорхонаҳо  лоиҳаи  илмӣ таҳти унвони «Рушди фарҳанги Авруосиё дар ҳамкории донишгоҳҳо бо осорхонаҳо» таҳия ва барои мувофиқа ба Ҷумҳурии Фаронса фиристода шуд.

Рӯзноманигорон, ҳамчунин, ба дигар паҳлуи фаъолияти донишкада мароқ зоҳир карда, ба суолҳояшон посухҳои саҳеҳ гирифтанд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш