Нашрияи Омӯзгор

Варзиш шуҳратафзои миллат аст

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов асосан дар заминаи суолу ҷавоб бо доираи васеи рӯзноманигорон ҷараён ёфт. Ба суолҳо дар баробари ректори таълимгоҳ, профессор Шодӣ Сафаров  чанде аз масъулини раёсату шуъбаҳо посух гуфтанд.

Рӯзноманигорон бештар ба сатҳи таълиму тарбия дар донишкада, фаъолияти устодон, рушди навъҳои миллии варзиш, табъу нашри китобу дастурҳои таълимӣ, комёбиҳои варзишгарон, таҳсили бонувони варзишгар, заминаи моддию техникии донишкада ва масоили ҳамгуни инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Маълум гардид, ки  сатҳи таълим дар ин боргоҳи маърифат пайваста баланд мегардад ва донишҷӯён дар омӯзиш ба комёбиҳои  шоиста  ноил мешаванд. Чунончи, дар ҷамъбасти  сессияи зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 сатҳи донишазхудкунии шогирдон 94,91%-ро ташкил дод. Толори умумии имтиҳоноти донишкада бо 70 компютер, 4 принтер ва таҷҳизоти дигари зарурии муосир муҷаҳҳаз мебошад.

Донишҷӯён дар мусобиқаҳои дохилӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин, дар як қатор мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Дастпарварони донишкада узви дастаҳои варзишии ҷумҳурӣ вобаста ба намудҳои гуногуни варзиш мебошанд ва борҳо  дар сабқатҳои бонуфуз парчами кишварро боло бардоштаанд.

Дар донишкада ба корҳои тарбиявӣ диққати ҳамешагӣ дода мешавад ва дар ин самт мунтазам тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, таҷлили санаҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, вохӯриву мулоқотҳо дар тарбияи донишҷӯён нақши муассир мегузоранд. Дар иртибот ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротгарою терорристӣ, тавсифи омоли тахрибкоронаи гурӯҳҳои тундгарою манфиатҷӯ дар донишкада борҳо ҳамоишҳои  тавзеҳӣ, вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти дахлдор баргузор карда шуд. Дар беш аз 20 конфронси илмию амалӣ ва фарҳангие, ки  дар донишгоҳ дар давоми нимсолаи дуюми соли гузашта созмон дода шуд, дар баробари меҳмонон устодони донишкада, ҳамчунин,  теъдоди зиёди донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

Муваффақиятҳои  донишкада дар бахши табъу нашр низ чашмрас  аст. Дар  давраи мазкур беш аз 20 китобу дастури таълимию методӣ, 10 асари таҳқиқотӣ, як силсила нақшаю барномаҳо ва теъдоди зиёди мақолаҳои гуногунмуҳтаво ба нашр расонда шуданд.

Ҳамчунин, як нафар  аз устодони донишкада рисолаи докторӣ ва 7 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя  намуданд.

Ректор Ш.Сафаров дар поёни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аҳли донишкада ба ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО ҳамеша ниёзманданд ва минбаъд низ ин ҳамкориро вусъат хоҳанд бахшид.

 

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш