Нашрияи Омӯзгор

Неруи тарбиятгар

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Дар ташаккули маънавии кӯдакон ва таълиму тарбияи мукаммалу ҳадафмандонаи онҳо адабиёти бадеӣ нақши барҷаста ва марказӣ дорад.

Аз ин ҷост, ки як бахши  адабиётро адабиёти кӯдакон  ё худ адабиёти бачагона ташкил медиҳад. Адабиётшиносон аҳамияти осори бадеиро дар шаклгириву рушди хусусиёти фардӣ ва ҷаҳонбинии кӯдак батакрор таъкид намуда, муҳимтарин вазифаи ин гуна осорро дар ҷанбаи тарбиявӣ доштани онҳо муайян кардаанд ва иброз доштаанд, ки адабиёт ба кӯдакон чӣ гуна рафтор кардан, ба чӣ аҳамият додан, хубу бадро фарқ бинмудан ва ба ҳаводиси муҳити хеш дуруст сарфаҳм рафтанро меомӯзад. Адабиёти бачагонаи тоҷик хеле ғанист ва таърихи дерин дорад. Эҷодиёти қисми зиёди адибони адабиёти классикии мо ба кӯдакон низ фаҳмоанд ва дар тарбияи онҳо нақшгузор буда метавонанд. «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус асарҳои безаволеанд, ки ҷанбаи қавии тарбиявии онҳо солиёни зиёдест пойдор ва корагар монда. Ин байти Низомии Ганҷавӣ садсолаҳо боз кӯдакону наврасонро ба донишомӯзӣ ва ғофил набудан даъват менамояд:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Аҳли таҳқиқ бунёди адабиёти бачагонаро ба эҷодиёти шифоҳии халқ мансуб донистаанд. Дар ҳақиқат, қисми зиёди халқияҳои тоҷик хитобан ба кӯдакон гуфта шудааст ва хуссияти тарбиявӣ дорад.

Суруди «Алла»-и модарон дар ташаккули зеҳниву маънавии кӯдакон дорои аҳамияти бағоят муҳим мебошад.

Адабиёти кӯдаконаи тоҷик пас аз Инқилоби Октябр ба марҳилаи нав ворид гашт ва дар саргаҳи  ин марҳила устод Садриддин Айнӣ меистад. Ӯ аз оғоз як қисмати муҳими фаъолияти адабии худро ба тарбияи кӯдакону наврасон бахшида, ҳатто, ҳанӯз қабл аз Инқилоби Октябр бо ҳадафи таълиму тарбияи босамари онҳо китоби дарсие бо номи «Таҳсиб-ус-сибён» навиштааст. Асарҳои «Мактаби куҳна», «Ҳикояҳо аз гузашта», «Ҷаллодони Бухоро» дар оғози адабиёти  муосири  тоҷик ба рушди адабиёти кӯдакона замина гузоштанд.

Устод Айнӣ барои кӯдакон як силсила шеърҳои самимӣ ва ҳикматбор гуфта, онҳоро ба боодоб будан, хубу аъло хондан, фаъолият дар дабистон, ба қадри вақт расидан, ҳамдамӣ бо китоб, ҳурмати устод, аз кор наҳаросидан… даъват кардааст. Шеърҳои ба кӯдакон бахшидаи устод равону ҷолибу хотирмону муассир ва падаронаанд. Барои мисол пораеро аз шеъри «Суруди мактаб» меоварем:

Саҳаргоҳон, ки булбул дар наво

шуд,

Гул аз шодӣ шукуфту ғунча во

шуд.

Шумо, эй булбулони боғи

мактаб,

Саҳаргоҳон чаро хобед ҳар шаб?!

Шумо ҳам дар наво оед бояд,

Ки то аз боғи маънӣ гул

кушояд…

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем.

Дар шеъри «Дар васфи мактаб» устод Айнӣ кӯдаконро барои дар оғӯши мактаб фаъолона таҳсил кардан даъват намуда, таъкид мекунад:

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад.

Анъанаи устод Айниро ҳамсафонаш А.Деҳотӣ, А.Ҳамдӣ, Н.Шерзода, Б.Азизӣ, баъдтар М.Турсунзода, М.Миршакар, Ҳ.Карим, П.Толис, Ғ.Мирзо, А.Баҳорӣ идома бахшиданд ва асарҳои хеле арзишманд барои кӯдакону наврасон офариданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон адабиёти бачагона бештар равнақ ёфт ва ба мавзӯъҳои анъанавии он мавзӯъҳои ҷанбаҳои миллӣ дошта, чун бузургдошти забони модарӣ, эҳтироми муқаддасоти миллат, риояи ҳувияти миллӣ илова гардиданд. Имрӯз адабиёти кӯдакони тоҷик бо номҳои А.Бобоҷон, Ҷ.Ҳошимӣ, Н.Бақозода, А.Шарифӣ, Г.Сулаймонӣ, Н.Раҷаб, Л.Кенҷаева…алоқамандӣ дорад.

Хуб донистану омӯхтани адабиёти бачагона ба  омӯзгор барои таълиму тарбияи шоистаи насли наврас мадади зиёд мерасонад. Маҳз омӯзгор тарғибгари асосии ин адабиёт маҳсуб мешавад.

 

Гулнора АМИНОВА,

омӯзгори гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш