5 феврали соли равон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишасти матбуотӣ доир гардид. Маҳмадулло Раҷабзода, ректори донишкада, роҷеъ ба фаъолияти муассиса маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, мавсуф иброз дошт, ки дар нимсолаи дуюми соли 2019 дар донишкада 22 конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шудааст. Боиси хушнудист, ки маҷаллаи «Паёми донишкадаи забонҳо» шурӯъ аз моҳи июли соли 2019 ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода робитаҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, айни замон бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад. Инчунин, зиёда аз 13 омӯзгори соҳибзабон фаъолияти педагогӣ бурда, 851 донишҷӯи хориҷӣ дар ин даргоҳ таҳсил доранд. Дар баробари ин, 23 донишҷӯи тоҷик барои идомаи таҳсил ба хориҷи кишвар сарфарбар гардиданд. 8 омӯзгор ҷиҳати такмили ихтисос ва иштирок дар симпозиуму семинарҳо ба Федератсияи Россия, Япония, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Қазоқистон сафар доштанд. Ҳайати кормандон талош доранд, ки барномаҳои таълимии донишкадаро ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намоянд, бинобар ин, дар раванди фаъолияти худ аз муосиртарин методу усулҳои таълиму тадрис истифода мебаранд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр