Нашрияи Омӯзгор

Амали дастаҷамъона

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

6 феврали соли равон дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳсилоти фарогир: Омӯзиши низоми таҳсилоти кӯдакони дорои маъюбият» дар доираи Барномаи давлатии Япония «Бунёди якҷояи дониш» (Knowledge Co-Creattion Program) семинар баргузор гардид.

Мудири шуъбаи педагогика, психология ва таҳсилоти фарогири пажӯҳишгоҳ Наимҷон Абдурашитов гуфт, ки дар Япония низ мисли кишвари мо шаклҳои гуногуни таҳсил барои кӯдакони имконияташон маҳдуд роҳандозӣ гардидааст, ки зарур медонам, ин ҷо чанде аз онҳоро муаррифӣ кунам.

1) Мактаби талаботи махсуси таҳсилотӣ. Дар мактабҳои талаботи махсуси таҳсилотӣ (МТМТ) ба хонандагон тибқи барномаи махсус (инфиродӣ) теъдоди зиёди омӯзгорон, мутахассисон дарс медиҳанд.

2) Таҳсилоти хонагӣ ҳамзамон, бо табобат дар бемористон. Ин навъи таҳсил ба баъзе аз кӯдаконе, ки ба нигоҳубин ва табобати доимӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ ниёз доранд, пешниҳод мешавад.

3) Синфхонаҳо барои таҳсилоти талаботи махсус – Синфхонаҳои махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд бо шароити зарурӣ ҳам дар мактабҳои маъмулии ибтидоӣ ва ҳам дар мактабҳои зинаи поёнии таҳсилоти миёна (синфҳои 6-9) таъсис дода шудаанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш миёни ҳозирин бахши пурсишу посух сурат гирифт.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш