Нашрияи Омӯзгор

Ҳомии тавонои истиқлолияти ҷумҳурӣ

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

 

Нуктаҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ифтихор иброз медорам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.

***

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

***

Хотирнишон месозам, ки шумо, афсарону сарбозони шуҷои кишвар, хусусан, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиатон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед ва ҳаргиз фаромӯш накунед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои шумо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

***

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кад-рҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Мо солҳои охир ба масъалаи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии устодону омӯзгорон ҷалби мутахассисони баландихтисос ва таълиму тарбияи мутахассисони оянда, хусусан, кадрҳои сарҳадбон эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

***

Ҳукумати кишвар заҳмату ҷасорат ва фидокориву матонати ҳомиёни содиқи Ватанро ҳамеша қадрдонӣ карда, дар баробари дигар дастгириҳо то имрӯз садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла, Қӯшунҳои сарҳадиро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонидааст.

***

Ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин - озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

***

Бояд сатҳу сифати машғулиятҳои омӯзишӣ, дониши касбиву сиёсӣ, машқҳои мунтазами тактикӣ, чорабиниҳои дорои аҳаммияти давлативу ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳад, иншооти муҳимми стратегӣ ва омодагии доимӣ ҷиҳати пешгириву бартарафсозии ҳар гуна амалҳои тахрибкорона ва ҷиноятҳои муташаккил баланд бардошта шавад.

***

Низоми корҳои тарбиявӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо риояи интизоми қатъӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ тарбият ёфта, дарк намоянд, ки артиш симои миллат ва шарти муҳимтарини пойдории давлат мебошад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш