Нашрияи Омӯзгор

Баррасии вазъи таълиму тарбия дар ноҳияи Вахш

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

15-уми феврали соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ҷаласаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуфов, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, мудирон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид, ки дар он натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории вазорат оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳияи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласаро М.Имомзода иф-титоҳ бахшида, таваҷҷуҳи масъулинро ба масоилу мушкилоти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҷалб намуд.

Сипас, Л.Назирӣ дар хусуси  вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ,  миёнаи умумӣ ва таҳсилоти иловагии ноҳияи Вахш суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки айни замон дар ҳудуди ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 712 нафар кӯдак ва 21 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 647 нафар кӯдак фаъолият менамоянд, ки  ин 5,7%-ро ташкил медиҳад. Маълум мегардад, ки фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар ноҳия аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ (15,9%) пасттар аст.

Дар идома муовини вазири маориф ва илм зикр кард, ки дар низоми таҳсилоти томактабӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунанда, аз ҷумла, «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» қабул ва мавриди амал қарор доранд. Талабот  ва вазифаҳои асосии барномаҳои давлатӣ, пеш аз ҳама, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, баргардонидани биноҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ки ғайримақсаднок мавриди истифода қарор доранд, таъмини муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо кадрҳои соҳибихтисос, таҷҳизонидани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо асбобу анҷоми таълимӣ, таъмин бо дастурҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароит барои бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Мутобиқ бо талаботи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак, ки яке аз намудҳои алтернативии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсуб меёбад, талаби замон мебошад. Айни замон, дар ноҳияи Вахш  21 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 647 нафар кӯдак фаъолият менамоянд, ки қонеъкунанда нест. Мутаассифона, теъдоди чунин марказҳо дар ноҳияи Вахш дар соли таҳсили ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта 13 адад ва шумораи кӯдакон дар он 170 нафар кам гардидааст.

«Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» дар ноҳияи Вахш умуман иҷро нагардидааст. Мувофиқи талаботи замимаи барномаи мазкур дар давоми солҳои 2014-2019 дар ноҳияи Вахш бояд 13 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ сохта мешуд. Мутаассифона, дар давоми ин солҳо дар ҳудуди ноҳияи Вахш ягон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ бунёд нагардидааст.

Бо  кадрҳо таъмин намудани  низоми таҳсилоти томактабӣ аз мушкилоти дигар дар ин зинаи таҳсилот мебошад. Аз 8 роҳбари муассисаи таҳсилоти томактабӣ 5 нафар бо таҳсилоти ғайриихтисоси томактабӣ ва аз 39 нафар мураббӣ 16 нафар ғайриихтисосанд.

Муовини вазири маориф ва илм, ҳамчунин, қайд намуд, ки дар ноҳияи Вахш 64 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей ва  1 мактаб-интернати мақоми маҳаллидошта. Дар муассисаҳои таълимӣ 44909 нафар хонанда ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон дар ноҳия ба 2279 нафар мерасад, ки дар муқоиса бо соли гузашта (2331) 52 нафар камтар аст. Ҳол он ки шумораи хонандагон назар ба соли таҳсили гузашта 1859 нафар зиёд гардидааст. Масъалаи таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ аз лиҳози миқдор ҳал гардида бошад ҳам, дар мавриди сифат мушкилот мавҷуд аст. Аз шумораи умумии омӯзгорон 64% бо таҳсилоти олии касбӣ (1458 нафар) ва 36% (821) нафар бо  таҳсилоти миёнаи касбӣ,  таҳсилоти олии нопурра, инчунин, донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи муассисаҳои миёна ва олии касбӣ ба таълиму тадриси хонандагон машғуланд.

Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар ноҳия нокифоя арзёбӣ мегардад. Мутобиқи барномаи мазкур бояд дар давоми солҳои 2018-2019 дар ноҳия 19 кабинети фаннӣ аз фанҳои химия, биология, математика, география, технологияи информатсионӣ, суруд ва мусиқӣ харидорӣ мегардид.  Мутаассифона, дар ин давра ҳамагӣ 2 кабинети технологияи информатсионӣ харидорӣ шудааст.

Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» таъмин карда шудааст. Бо қарори раиси ноҳия аз 7 апрели соли 2015 дар назди шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуд. Аз моҳи январи соли 2020 марказ пурра ба мустақилияти молиявӣ гузашта, шумораи бастҳои корӣ ба 15 воҳид расид. Маркази рушди истеъдодҳо дар як кабинети кории шуъбаи маориф ҷойгир шуда, шароити хуби корӣ надорад. Маҳфилҳои марказ бошад, дар заминаи муассисаҳои таълимии №№ 1, 8, 21 ва литсейи ноҳия гузаронида мешавад.

Сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки ин масъала ба чанд омил вобастагии амиқ дорад. Пеш аз ҳама, таъмини муассисаҳои таълимӣ  бо кадрҳои соҳибкасби дорои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини пурраи хонандагон бо китобҳои дарсӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ- техникии муассисаҳо, рушди марказҳои таҳсилоти иловагӣ, такмили ихтисос, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони навовару эҷодкор ва рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад.   

Маълумоти пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Вахш нишон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2019-2020 ба воқеият наздик нест ва ба дониши хонандагон аз будаш зиёд баҳогузорӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои 1991-2019 дар қаламрави ноҳияи Вахш аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 39 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 6288 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуда, бинои 9 муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021», дар ноҳияи Вахш сохтмони 1 бинои муассисаи таълимӣ дар вагонхона қарордошта (филиали муассисаи таълии №76), сохтмону азнавсозии 13 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ ва ба ҷойи нишасти иловагӣ ниёздошта, инчунин, сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия ва марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва рушди истеъдодҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Вахш аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди 8 муассисаи таълимӣ  идома дорад. Тибқи таҳлилҳо солҳои охир афзоиши шумораи хонандагон ба назар расида, танҳо дар соли хониши 2019-2020 тақрибан 2000 нафар хонанда дар ноҳия зиёд гардидааст ва дар солҳои оянда ин нишондод тамоили зиёдшавӣ дошта, норасоии ҷойи нишастро ба миён меорад.

Ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, таъминот бо китобҳои дарсӣ ва  маводи таълимӣ, ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорон ва пардохт намудани маблағи сафари хизматӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо, қабули хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, фаъолияти муассисаҳо дар давраи тирамоҳу зимистон ва таъмини онҳо бо гармӣ аз масъалаҳое буданд, ки аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф ёдовар шуда, ба масъулини соҳаи маориф дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикргардида, аз ҷумла, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва таъмини сифати таҳсилот, бо китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ,  ба роҳ мондани назорати давомот ва риояи сару либоси хонандагон, санҷиши дафтарҳо, қайди мавзӯъҳо ва гузоштани баҳо дар рӯзномаҳои хонандагон, таъмир ва барқарорсозии толорҳои варзишӣ, таъмин намудани муассисаҳо бо ҷойи нишаст, пардохти маблағи омӯзгорон барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос, ба мактабҳои олӣ фаро гирифтани омӯзгорони дорои  маълумоти миёнаи касбӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, барқарор намудани системаи гармидиҳии мутамаркази муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, насби ҳатмии камераҳои назоратӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, пурра бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, аз таъмири ҷорӣ баровардани биноҳои таълимӣ, ободу зебо намудани атрофи муассисаҳои таълимӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешанд.

Инчунин, вобаста ба масъалаҳои умдаи соҳаи маорифи ноҳияи Вахш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Сафарзода андешаҳои худро баён дошт.

Дар охир раиси ноҳияи Вахш  Қ. Юсуфов ба гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм барои таҳлилу баррасии васеи мушкилоти соҳаи маорифи ноҳия изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли маорифи он чораҳои мушаххас меандешанд.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Эҳсон Сафарзода,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»,

Душанбе-Вахш-Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш