Нашрияи Омӯзгор

Музди меҳнати омӯзгорони «Алифбои ниёгон»-ро чаро намедиҳанд?

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

 Барои чӣ омӯзгорони фанни алифбои ниёгон  барои тафтиши дафтар пул  намегиранд? Дар ҳоле ки онҳо  зимни таълим чун омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ  ва забони англисӣ  аз хонандагон диктант мегиранд, дафтари хонандагонро тафтиш карда, баҳо мегузоранд.

Мирзо  РАМАЗОНИЕВ,

омӯзгори мактаби №1,  ноҳияи Зафаробод

Дар  банди 10 – и  «Тартиби  пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф», аз 11 ва 29 апрели соли 2019, ки  зери ин санад  роҳбарони вазоратҳои молия,   маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқҳои  касабаи  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштаанд, омадааст: «Барои тафтиши дафтар ва корҳои хаттӣ аз ҳисоби соатҳои ҳақиқӣ 20 фоиз маблағи иловагӣ ба омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ, математика, физика, химия, нақшакашӣ, санъати тасвирӣ ва ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пардохта мешавад. Дар ҳолати тақсим намудани синфҳо ба  зергурӯҳҳо  омӯзгорони гуногун дарс диҳанд, иловапулӣ дар ҳаҷми 50 фоизи меъёри муқарраргардида (20 фоиз) пардохт карда мешавад. Агар дар синф шумораи умумии хонандагон аз 12 нафар кам бошад, иловапулиҳо 50 фоиз пардохт карда мешавад. Ба омӯзгороне, ки таҳсилро дар хона бо кӯдакони носолим мебаранд, иловапулӣ барои тафтиши дафтар пардохт карда намешавад».

Муҳтарам Мирзо Рамазониев, чунонки маълум гардид, дар ин ҳуҷҷат доир ба пардохти тафтиши дафтар барои омӯзгорони алифбои ниёгон пешбинӣ нагардидааст.

Дар ин бора ба мо аз раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш