Нашрияи Омӯзгор

Вусъати фаъолият

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Анқариб чиҳил сол мешавад, ки ӯ ба кори  таълиму тарбия машғул аст. Ҳар субҳ бо ҳадафу мақсадҳои  наҷиб, бо азму иродаи  қавӣ  ва бо кӯлбори  пур аз дафтару китоб озими мактаб мешавад ва бештар болидарӯҳу шодмон мешавад, чун шогирдонаш бо нидои меҳрбори «Салом, муаллим!» истиқболаш мегиранд.

Ӯ хушбахтии худро, пеш аз ҳама, дар он мебинад, ки ҳамарӯза дар канори  боргоҳи  донишу маърифат қарор дораду ҳамкорони хуб насибаш гашта ва шогирдонаш ҳушёру бедору доништалабанд.

Замоне дар ҳамин гуна муҳит буданро орзу мекард қаҳрамони нигоштаи мо Содиқ Ҳасанов, замоне, ки дар мактаби миёна мехонду  дилаш саршор аз орзую ҳавас буд. Аз пайи  ҳамин орзую  ҳавасҳои  дили  беқарораш ба шаҳри Душанбе омаду донишҷӯ шуд, чаҳор сол дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ бомуваффақият таҳсил карду соҳибдиплому соҳибтахассус гардид; омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик. Соли 1971 дар мактаби рақами 10-и ноҳияи Мастчоҳ оғози  фаъолияти  омӯзгорӣ кард. Бо меҳру муҳаббат нисбат ба пешаи  хеш ва бо камоли масъулият  фаъолият дошт. Мекӯшид, ки ҳар дарсу ҳар машғулияташ бо хонандагон  пурсамару муассир бошад, дониш андар дониши эшон  биафзояд. Аз оғоз бар он назар буд, ки барои  омӯзгор пеши шогирдон «силоҳ»-и асосӣ  сухан аст;  омӯзгор маҳз бо неруи   сухан, бо ҷозибаю сеҳри  сухан, бо таъсири ҳадафгири  сухан ба комёбӣ мерасад. Шогирдон ба сухани омӯзгор  эътимод ва бовари  комил доранд, онро  барои худ дастуру раҳнамои  асосӣ медонанд. Омӯзгор бояд ҳамеша сухани тоза, ҷолиб ва дилрас гӯяд, сухани  умумию забонзад ва хушку сард ба хонандагон корагар намешавад. Бояд бо истифода аз вожаю  ибораҳои  дилангез, бо истифода аз шоҳбайтҳову зарбулмасалу  мақолҳо сухан гуфт, то хонанда ҳам мавзӯъро дуруст бифаҳмаду ҳам муҳаббаташон ба сухан, ба каломи  модарӣ биафзояд.

Чун фаъолияти  бавусъату тозакорона дошту масъулиятшиносу дорои малакаю маҳорати  муайяни  педагогӣ буд, соли 1983 Ҳасан Содиқовро  директори  мактаби  рақами 10-и ноҳияи Мастчоҳ таъйин карданд. Дар андак муддат собит кард, ки маҳорати комили роҳбарӣ дорад ва метавонад таълимгоҳро бештар ободу пешрав созаду сатҳи таълиму тарбияро боло барад. Баъдтар дар мактаби дигар – мактаби рақами 24-и ноҳия кори роҳбариро ба зимма гирифту ин ҷо низ тозакорию мусоидат ба таълиму тарбияи босамару фарогир маромномаи кораш буд. Ҳамеша бар он мекӯшид, ки мактаб муҷаҳҳаз тозаю озода, кормандон масъулиятшинос, шогирдон кӯшо бошанд. Аҳли маорифи ноҳияи Мастчоҳ дар бораи солҳои роҳбарии Ҳасан Содиқов дар ин ду таълимгоҳ бо хотироти нек, бо сипосгузорӣ ҳарф мезананд.

Ин омӯзгори шарафманд аз оғози омӯзгориаш ҳамбаста ба кори таълиму тарбия ба эҷодкорӣ машғул аст ва пайваста хабару мақолаҳо менависад, ба вижа, мақолаҳои методию тақризҳояш пурмуҳтавою пурманфиатанд.  Ӯ муаллифи беш аз сад мақолаи илмию методӣ ва яке аз муаллифони фаъоли ҳафтаномаи «Омӯзгор» мебошад.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи беш аз 20 ифтихорнома, омӯзгори дараҷаи олӣ Ҳасан Содиқов ба синни мубораки 70 расидааст ва мо ӯро ба ин муносибат самимона табрику таҳният мегӯему барояш идомаи бобарори фаъолияти омӯзгорию эҷодкорӣ, саодатмандию тансиҳатии бардавом таманно дорем.

 

А.ИЛЁСПУР,

Н.ОХУНЗОДА,

Ҳ.ГАДОЕВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш