Нашрияи Омӯзгор

Кӯшиши пайваста натиҷабахш аст

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Бисёр хусусиятҳои хонандагон маҳз дар синфҳои ибтидоӣ шакл мегиранд ва тадриҷан такмил меёбанд. Хондану навиштан, дуруст андешаву хулосабарорӣ кардан, бамантиқ саволгузорӣ намудан, мустақилона китоб мутолиа кардан, одоби муошират ва монанди инҳоро хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ меомӯзанд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки омӯзгор ҳангоми таълиму тарбияи кӯдакон дар синфҳои асосӣ ба он бояд диққати махсус диҳад, омӯзиши маҳорати суханварӣ ва риояи меъёрҳои  гуфтор мебошад.  Бисёр воқеъ мешавад, ки  шогирдон мавзӯъро ҳам аз нақли омӯзгор ва ҳам аз хондани китоби дарсӣ мефаҳманд, вале дар нақл кардан, дар ҷавоб ба саволҳо душворӣ  мекашанд, зеро дар сухан гуфтан ба мушкилӣ дучор меоянд, ранҷ мекашанд аз он ки маҳорату малакаи кофии суханварӣ (дар сатҳи ба синну солашон мувофиқ) надоранд. Вобаста ба ин ҳолат омӯзгори синфҳои ибтидоиро мебояд, ки дар ҳамаи дарсҳо барои такмили қоблияти суханварию сухандонии шогирдон таваҷҷуҳ намояд. Барои ин мувофиқи нишондоди сарчашмаҳои педагогӣ ва дар заминаи таҷриба иҷрои тадбиру амалҳои  зерин манфиатовар ва мувофиқи мақсад хоҳад буд:

-нахуст бояд ба хонандагон дар бораи аҳамияту моҳияти  суханварию сухандонӣ ба таври муассир ҳикоят кард, мисолҳои ҷолибу ҳидоятгар овард:

-ба шогирдон бояд гуфтаҳои бузургонро дар бораи сухан ва саҳеҳу бамаънӣ сухан  гуфтан шарҳ дод ва шоҳбайтҳои дар ин мавзӯъ гуфтаи аҳли адабро барои азёд кардан супориш  дод;

-хонандагонро водор бояд кард, ки бо овози баланд (дар хона) китоб хонанд, махсусан, буррою шево хондани порчаҳои назмиро машқ намоянд;

-ба он бояд кӯшид, ки хонандагон ба китоби бадеӣ меҳр банданд, мунтазам ин гуна  китобҳоро мутолиа кунанд;

-бо шогирдон дар атрофи мундариҷаву мазмуни китобҳои бадеии хондаашон мувофиқи имкон суҳбатҳои озод ташкил кардан, баҳсҳо оростан самаровар хоҳад буд;

-дар суханвар шудани кӯдакон луғатомӯзии онҳо, ташкили дафтари луғат ва баёзи шеъру ҳикматҳо нақши муҳим мебозад.

-хонандагонро барои ҳар ҷумлаи хубу бамаъниашон, барои он ки ибораю ифода ва калимаеро бамавриду моҳирона истифода мебаранд, ҳавасманд бояд кард;

-як воситаи хуби такмили қобилияти шогирдон оид ба суханварӣ нақл аз рӯи расм ва нақли ҳодисаю воқеаҳои дидаву шунидаашон мебошад.

Ҳамин тавр, тарзу усулҳо такмили қобилияти сухандонии хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ хеле зиёданд. Аз онҳо бамавриду ҳадафмандона истифода бурдани омӯзгорон зарур мебошад.

 

Аввалмо

Саломатшоева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш