Нашрияи Омӯзгор

Нақши осори бадеӣ дар тарбияи насли наврас

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Фазилати суханро надониста, таъсири хубу ҳаматарафа, назокату нафосати каломи бадеӣ ва он чиро ки ба воситаи сухан ифода ёфтааст, пурра баён кардан мумкин нест. Аз ин рӯ, зарур аст, ки пеш аз ҳама, худи омӯзгор сухандону каломоро бошад. Ифодаи дурусти баёни фикр аз хондани асарҳои бадеӣ сарчашма  мегирад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ мутолиаи асарҳои бадеӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта истодааст. Кам хонандагоне ёфт мешаванд, ки ба ҷуз аз китобҳои дарсии худ боз китобҳои бадеиро ба таври пурра мутолиа кунанд. Гарчанде истифодаи китобҳои электронӣ ба  саломатии инсон зарар дорад, аксари хонандагон аз китобҳои электронӣ истифода мебаранд, вале зуд хаста шуда, худро аз омӯзиш канор мегиранд. Бинобар ин,  хонандагон фикру андешаҳои худро хуб баён карда наметавонанд. Дар ифодаи баёни фикр фазилати сухандонии хонандагон дарк карда намешавад.

Адабиёти бадеӣ воситаи шинохт ва дарки ҳақиқати зиндагист. Он хонандагонро тадриҷан ба фаҳмидани ҳодисаҳои мураккаби ҷамъиятӣ тайёр менамояд ва доираи бинишашонро васеъ мегардонад.

Адабиёти бадеиро ҳамчун воситаи тарбияи эстетикӣ таълим додан аз ҷумлаи вазифаҳои асосии омӯзгори адабиёт мебошад. Ба ин восита шавқу завқи шогирдон ба адабиёти бадеӣ зиёд мешавад.

Бояд адабиёти бадеӣ ҳамчун воситаи таълиму тарбия ба қобилияту истеъдод, фаҳму дарк ва рушди фикрии хонанда мусоидат кунад.

Дар синфҳои 5-8 таълимро аз асарҳое шурӯъ кардан лозим аст, ки ба синну соли хонандагон наздик аст ва аз ҷиҳати шаклу мундариҷа содаю равон, мувофиқи фаҳмиши хонандагон бошад. Асар бояд пурра оварда шавад, то ки аз омӯхтани он хонанда тасаввуроти комил ҳосил карда тавонад. Ӯ зуд пай барад, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Барои  хонандагони синфҳои 9-11 хондани асарҳои нисбатан мураккабтарро тавсия додан аз фоида холӣ нест. Вақте ки хонанда ба мутолиаи асари бадеӣ шавқ пайдо кард, дигар ба роҳнамоии омӯзгор  эҳтиёҷ пайдо намекунад.

 

Сарвиноз

Абдуллоева,

омӯзгори мактаби №68-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш