Забони модарӣ барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Он бо нангу номус, шарафу эътибор, ифтихору иқтидори ҳар кас пайванди доимию ногусастанӣ дорад. Кас бояд тамоми умр посдору садоқатпешаи забони модарӣ бошад, барои риояи мақому мартабаи волои он талош биварзад. Ҳифзи забони модарӣ поку беолоиш нигоҳ доштани он баҳри ҳар як соҳибзабон вазифаи ҷонӣ ва шарафу ифтихор аст. Забони модарӣ аввалин ҳарфу ҳиҷоест, аввалин забонест, ки инсон аз айёми кӯдакӣ тавассути падару модар, аҳли оила, атрофиён ёд мегирад, меомӯзад.
Аҳли таҳқиқ таъкид кардаанд, ки забони модарӣ бидуни омӯзиши махсус аз даврони кӯдакӣ, ғолибан, дар муҳити хонавода азхуд карда мешавад. Муҳаққиқон, ҳамчунин, меъёрҳои муайянсози забони модариро муқаррар кардаанд, ки асосан ба ин гунаанд: 1. Тартиби азхудкунӣ. Мутобиқи ин меъёр забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон – волидайн бидуни таълиму тадрис ба таври табиӣ азхуд карда мешавад. 2. Сифатан аз худ кардани забон. 3. Доираи истифода. Дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмолтарин ва фаҳмотарин забон маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар бисёр мавридҳо одамон аз доираи забони адабӣ ва меъёрҳои он берун рафта, бо гӯиши маҳаллӣ (шеваю лаҳҷаҳо) суҳбат карданро бартар медонанд. Маълум, ки дар ҳар як кишвари олам сокинон аз забонҳои гуногун истифода мебаранд, яъне, забони модариашон гуногун аст. Мувофиқи арзишҳову ҳуқуқҳои умумибашарӣ ҳар халқу миллате дар ҳар мамлакату доирае барои истифодаи забони модарӣ бо намояндагони дигар забонҳо ҳуқуқи баробар дорад. Забони миллатеро таҳқир кардан, паст задан ва маҳдуд кардан ҷиноят аст. Дар Тоҷикистони азизи мо забони тоҷикӣ забони мардуми бумист ва мақоми давлатӣ дорад. Конститутсияи ҷумҳурӣ муқаррар кардааст, ки тамоми шаҳрвандони мамлакат барои истифодаи озодонаи забони модарии худ ҳуқуқи баробар доранд ва дар ин масъала барояшон маҳдудияте нест. Дар Тоҷикистон илова ба тоҷикон ӯзбекҳо, русҳо, қазоқҳо, туркманҳо, қирғизҳо… зиндагӣ мекунанд, ки барои истифодаи забони модарӣ барояшон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Намояндагони тамоми миллатҳо дар кишвари мо илова ба забони модариашон ҳамчун забони муоширати байниҳамдигарӣ (байни миллатҳо) забони давлатӣ, яъне забони тоҷикиро меомӯзанд ва барои омӯхтани дигар забонҳо низ маҳдудияте нест. Ҳар як забон сарвати маънавии аҳли сайёра ба шумор меравад ва бояд ҳифз шавад, рушд ёбад. Аз ин ҷост, ки муҳаббат ба забони модарӣ аҳамияти башарӣ пайдо мекунад ва вобаста ба ин Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таъйину тасдиқ шудааст, ки ҳамасола дар саросари олам дар 21-уми феврал таҷлил мегардад.
Гулнигор ҳасанова,
Таҳмина Маҳмадиева,
омӯзгорони мактаби №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр