Нашрияи Омӯзгор

Панҷаи ҳунар

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

ё рақс бо табақ

Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад, зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамарро мемонад - шабеҳи меваҳои болаззату хӯрданбоб.

Маҳмадраҷаб Рустамов, мулаққаб бо Раҷаби табақбоз, ягона ҳунарманд дар Тоҷикистон аст, ки аз даврони Шӯравӣ то ба имрӯз ин ҳунарро муаррифӣ мекунад. Ӯ ду табақ дар ду даст ва як табақи дигар болои сар дар майдон бо ишораҳои аҷиби чашмон гардиш хӯрда, касро ба ҳайрат мегузорад. Ҳарчанд ин ҳунар мушкилоту нозукиҳои худро дорад, вале бо вуҷуди он, имрӯз шогирдонаш то ҷое муваффақанд.

Ин ҷаҳду талош ва ҷустуҷӯи пайвастааш буда, ки дар тамоми самтҳои фаъолияти эҷодияш ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст.

 Айни ҳол омӯзгор буда, ба шогирдон дар мактаби № 1-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз фанни санъати тасвирӣ ва суруду мусиқӣ дарс мегӯяд. Ва шогирдон низ аз кори устоди хеш, ки эшонро ба санъату ҳунар раҳнамоӣ мекунад, пайваста ситоиш мекунанд.

Ӯ мегӯяд, шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро баҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае беманфиат гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро ба асорат мегирад.

Дарвоқеъ, музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омӯхтани ҳунари бузург аст. Махсусан, ҳунареро, ки Раҷаби табақбоз соҳиб аст, бидуни мулоҳиза метавон гуфт, ки заҳмату машаққатҳои зиёдеро тоб овардаву то қуллаҳо расидааст.

Мавсуф дар ин маврид, чунин андеша дорад: “Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст. Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост.

- Охирин чорабиние, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтам, ин моҳи июли соли гузашта дар озмуни “Талант Осиё” буд, ки ҳарчанд дар саҳна бо синни наздик ба нафақавиам кӯшиш кардаму ба талаботи озмун пайравӣ намудам, вале бо кадом сабаби ба ман номаълум, ба даври минбаъда роҳ надоданд. Дар ҳоле ки аъзои комиссия ҳамагӣ аз ҳунари ман огоҳ буданд ва аҳли толор каф мекӯбиданду норозигӣ баён мекарданд. Аммо ман рӯҳафтода нестам, зеро ҳунарам бо ман аст, - мегӯяд М.Рустамов.

Хулоса, назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид шикастарӯҳу залил аст.

Қурбон АҲМАДЗОДА,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш