Дар ҳаёт дилбастагӣ дош-тан ба ин ё он пеша ва дар ниҳояти кор ба фатҳи қуллаҳои баландтарини он даст ёфтан аз инсон заҳмату қурбониҳои зеҳниву ҷисмонӣ ва талошҳои пайвастаро талаб мекунад.
Танҳо дар пайи чунин азхуд гузаштанҳо шахс метавонад ба муваффақиятҳо комёб шуда, миёни аҳли ҷомеа соҳибмартаба ва обрӯманд гардад.
Ҳадаф аз гуфтаҳои фавқуззикр шарҳи зиндагинома, кору пайкор ва фаъолияти илмиву нависандагӣ ва ровигии шарқшинос, доктори илмҳои филология, профессор Умархоҷа Сафаров мебошад. Агар ба оғози фаъолияти илмиву кории ӯ назар андозем, маълум мегардад, ки шавқу рағбати беандоза ба омӯзиши илм, бахусус, шохаи забономӯзии он эшонро баъд аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ, соли 1977 ба факултаи забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) овард. Дар як муддати кӯтоҳ Умархоҷаи ҷавон бо фаросат ва заковати фитрӣ ба муҳити таълимиву илмии факулта ворид гардид ва нозукиҳои соҳаи интихобнамудаашро аз устодони варзида, ба монанди А. Хромов, Ф. Наҷмонов, Ҳ. Каримов, Ф. Амонова ва дигарон фаро гирифт. Ӯ пас аз хатми факултаи шарқшиносии донишгоҳ (1983) бо ихтисоси филолог-шарқшинос ба сифати ассистенти кафедраи филологияи Эрон пазируфта шуд. Аз соли 1983 то соли 1995 номбурда дар кафедра ба сифати ассистент ва муаллими калон фаъолият намуда, соли 1995 дар мавзӯи “Лирикаи Сиёвуши Касроӣ ва шеъри форсии солҳои 60-80-и асри ХХ” рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Баъд аз гирифтани унвони дотсентӣ (1997) У. Сафаров ба сифати мудири кафедраи филологияи Эрон таъйин гардид ва баъди мушарраф шудан ба дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ (2006) фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмию адабии устод густариш ёфт.
Ҳамин меҳру садоқат, самимият ва дилбастагӣ ба касбу кор буд, ки имрӯз низ профессор У. Сафаров мудири кафедраи мазкурро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи шогирдони риштаи форсии факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо заҳмат мекашад. Хизматҳои профессор У. Сафаров дар тарбияи олимони ҷавон хеле назаррас аст. Зери роҳбарии ӯ 11 нафар муҳаққиқи ватаниву хориҷӣ рисолаҳои номзадиву доктории хешро дифоъ намуда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият бурда истодаанд.
Профессор У. Сафаровро имрӯз аҳли зиёи кишвар на танҳо ҳамчун олими барҷаста, балки чун нависанда ва ровии хушбаён низ мешиносанд. Албатта, тавъам намудани ин се шохаи хеле муҳим дар шахсияти инсон ва дар ҳар кадоме пешгому пешсаф будан кори саҳл нест. Вале он чиз мусаллам аст, ки устод У. Сафаров ҳам дар ҷодаи илм, ҳам нависандагӣ ва ҳам ровигӣ аллакай муваффақанд ва маҳбубияти хоса доранд.
Даҳҳо асар ва садҳо мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавии ӯ ба масъалаҳои мухталифи адабиётшиносӣ, адабиёти Тоҷикистон ва Эрон, нақди адабӣ, ҳунари шоирӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Асарҳои «Пайроҳаи Нимо» (1996), «Сиёвуши Касроӣ ва шеъри нави Эрон» (1996), «Мусофири ҷодаи хуршед» (2005), «Нимо ва шеъри форсӣ» (2005), «Инқилоби Машрута ва шеъри муосири Эрон» (2008), «Аз хоки рангбохта» (2010), «Ватандорӣ биёмӯзем»(2012), «Тавбаҳои дардолуд» (2013), «Зистан бо шеър» (2015), «Бигӯ, тарона бимонад» (2016) аз зумраи он пажӯҳишҳои илмиеанд, ки чеҳраи профессор У. Сафаровро ба сифати олими варзида муаррифӣ менамоянд.
Ҷанбаи дигари фаъолияти У. Сафаровро нависандагӣ ташкил медиҳад. Осори бадеие, ки ба қалами устод тааллуқ дорад, ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаётӣ бахшида шудаанд. Дар меҳвари онҳо масъалаҳои мубрами зиндагии имрӯза, аҳлоқи ҳамидаи инсонӣ, ишқу муҳаббат, зебоӣ, мақоми зан, муҳити оилавӣ ва дигар мавзӯъҳои тарбиявӣ қарор доранд ва воқеан ҳам, дархури ҷомеаи имрӯза мебошанд. Повестҳои “Шаҳноза» (2009), «Бӯйи шаб» (2010), «Садое аз хилват» (2013), «Лабиринты женской души» (2014), «Бозгашти падар» (2014), «Садое аз хилват» (2017), «Фалсафаи дӯст доштан» (2019) бозгӯи ҳунари нависандагии У. Сафаров мебошанд.
Имрӯз профессор У. Сафаров дар остонаи шасти камолот қарор доранд. Ҳамчун ҳамкасб таманнои саломатии бардавом, болидарӯҳиву хотирҷамъӣ ва хушрӯзгории эшонро намуда, хоҳони онем, ки бо таълифоти нави хеш боз ҳам хотири аҳли илму адаби тоҷикро шод гардонанд.
Сироҷиддини Эмомалӣ,
Солеҳ Қосимов,
Ҳамрохон Дӯстзода,
устодони факултаи
филологияи ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр