Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон ояндасозони миллатанд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Яке аз омилҳои тарбияи ватандӯстии хонандагон дуруст ба роҳ мондани омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва таърих дар мактаб мебошад.

Барои ташаккулёбии шогирдони ҷавон, пеш аз ҳама, тарбия нақши муҳим дорад. Имрӯз ба ҳамагон равшан аст, ки дараҷаи донишазхудкунии шогирдони ҷавони муассисаҳои таълимии кишвар рӯ ба беҳбудист. Албатта, таъсири омилҳои зиёдро мисол овардан мумкин аст, ки боиси баланд гардидани сатҳи донишазхудкунии хонандагон гардидааст. Яке аз омили асосӣ ин ҷоннок кардани корҳои тарбиявӣ дар мактаб мебошад.

Ба туфайли соҳибис-тиқлолии Тоҷикистон омӯхтани таърихи Ватан ва мақоми он дар ҷомеа торафт меафзояд. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки шогирдонашонро чунон таълим диҳанд, ки ба ғайр аз омодагии ҳарбӣ боз фанҳои таърих, забони модарӣ, русӣ ва англисиро бештар азхуд намоянд, чунки онҳо ояндасозони давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Хушбахтона, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, дар ҳама соҳаҳо, мутахассисони ҷавон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки соҳибкасбу қавиирода бошанд. Агар ба таърихи инсоният назар афканем, мебинем, ки ҷавонон мақом ва мартабаи худро доранд.

Мо, омӯзгоронро лозим аст, ки баҳри устувории сулҳу ваҳдати миллиро пос доштан кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки Тоҷикистони мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам обрӯяшро баландтар бардорад. Албатта, ин ҳама дастовардҳо бо таваҷҷуҳи пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.  

Мо, омӯзгорон, ваъда медиҳем, ки баҳри устувории ваҳдату садоқат-мандии давлату миллати тоҷик муттаҳид шуда, Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Артиши миллӣ сулҳу суботро дар мамлакат таъмин бахшида, роҳро барои ояндаи шукуфон равшан сохт. Тоҷикистониён даст ба дасти якдигар дода, барои ободии кишвар, расидан ба ҳадафҳои волои рушду тараққиёт дилпурона ва садоқатмандона меҳнат менамоянд. Дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ мо бо азму талошҳои пайгирона тавонистем роҳи беш аз нимасраи тараққиётро пушти сар гузорем. Берун овардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини барномаи озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳз аз файзу баракати ватандӯстиамон башорат медиҳад.    

 

Исмат ЯТИМОВ,

омӯзгори омодагии

ибтидоии ҳарбӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш