Нашрияи Омӯзгор

Ҷавҳари таълими салоҳиятнок

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Ба роҳ мондани муносибати  салоҳиятнок ба таълим ба рушду такомули зеҳнии хонандагон таъсиру такон бахшида, онҳоро ба фикру андеша кардан атрофи ҳодисаҳои атроф, моҳияти ҳастии ашёву мавҷудот, ҷузъиёти раванди марҳалаҳои ташаккулу инкишофи набототу рустаниҳо, ҳайвонот ва дар умум, муайян намудани омилу сабабҳои зуҳури ҳодисаю падидаҳои табиию биологӣ ва ғайра водор мекунад.

Ин усул, махсусан, дар синфҳои поёнӣ нақши заминагузорӣ дошта, асосҳои муҳокимаю андешарониро дар атрофи мавзӯи дарсӣ, мафҳумҳо, луғату вожаҳо, моҳияту ғояи матни пешниҳодшуда, ҳадафи тарбиявию ахлоқии он ва ниҳоят, хулосаву натиҷагирӣ кардани хонандаи мактаб аниқу мушаххас месозад. Мақсад аз қироату нақли ҳикоя, шеър (умуман, матн) дар дарси забони модарӣ танҳо бозгӯйи матн набуда, хонандагон бояд андешаҳои вижаи худро дар ҳошияи ин матн баён дошта, ҳамчунин, воқеаҳои ба он  монандро нақл ва муқоиса намоянд. Усули мазкур дар бедории шуури шогирдон ва дарёфту тарбия намудани бачаҳои лаёқатманду кӯшо ва эҷодкор низ аҳамияти бузург дорад, зеро ҷавҳари муносибати босалоҳият ба таълимро дарки маъною моҳияти ашё, мафҳумҳо ва ҷанбаи мантиқии фикр ташкил медиҳад. Дар ин усул робитаи байни фанҳо низ нақши муҳим мебозад. Таври мисол, агар хонанда дар бораи рустанӣ, гиёҳу бутта ва парандаю ҳайвоне ҷумлае гӯяд, ин ҷумла на танҳо аз ҷиҳати грамматикӣ таҳлил меёбад, балки ҷанбаҳои биологию физиологии он шарҳу  тавзеҳ дода мешавад (албатта, омӯзгор кумак мерасонад). Ё худ, ҳангоми баргузории дарсҳои математика, тарбияи ҷисмонӣ, технологияи  меҳнат, суруд ва мусиқӣ, таърих ва ғайра, қабл аз ҳама моҳияти мавзӯъҳои таълимиро дар муқоиса бо ҳодисаҳои ҳаммонанд аз дигар фанҳо омӯзондан зарур аст. Дар ин росто, ташаккули фикр ва баёни андешаҳои фардии тозаву ҷолиб муҳим ба шумор меравад.

Паримоҳ Ғиёсиева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш